Равобити адабӣ-илмии Навоӣ ва Ҷомӣ
Абдусаттор Абдуқодиров, профессор
Дӯстӣ, устод-шогирдӣ ва равобити адабӣ-илмии шоир ва мутафаккирони ӯзбеку тоҷик Амир Алишер Навоӣ (1441-1501) ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) мавзӯи ҷовидона мебошад.
Навоӣ ва Ҷомӣ аввалин маротиба соли 1464 вохӯрдаанд (8,65). Дар ин вақт Ҷомӣ 50 сола, Навоӣ 23 сола буд. Навоӣ ҳамон сол аз Машҳад (дар Эрон) тадриси 8-солаи хешро ба итмом расонида, ба пойтахти мамлакати Хуросон, Ҳирот баргашта буд. Алишер барои таҳсилро давом додан ба назди Ҷомӣ рафта, аз «Рисолаи қофия»-и ӯ сабақ гирифтанро сар мекунад.
Навоӣ соли 1466 барои таҳсил ба Самарқанд рафта, моҳи апрели соли 1469 аз он ҷо баъди ба Ҳирот баргаштанаш, дӯстӣ, устод-шогирдӣ ва ҳамкории эҷодии онҳо то охири умрашон идома ёфт. Аниқтараш, равобити адабӣ-илмии Навоӣ бо Ҷомӣ ба тарзи зайл давом кард:
1. Навоӣ дар назди Ҷомӣ аз рӯи осори илмӣ ва адабӣ сабақ гирифтааст. Навоӣ дар асари хеш «Хамсат ул-мутаҳаййирин» дар бораи осори, ки дар назди Ҷомӣ хондааст маълумоти пурра медиҳад. Аз онҳо якумаш дар боло зикр шуда «Рисолаи қофия» буд. Баъд аз он Навоӣ осори илмии Ҷомӣ «Рисолаи мутавассит дар муаммо», «Рисолаи аруз» ва «Шарҳи рубоиёт»-ро омӯхтааст.
Навоӣ дар ҳузури Ҷомӣ аз рӯи тасаввуф низ сабақ гирифтааст. Ӯ осори тасаввуфии Ҷомӣ «Лавоеҳ», «Лавомеъ», «Ашшиат ул-ламаот» ва «Нафаҳот ул-унс»-ро омӯхт.
Инчунин, Навоӣ бо роҳбарии Ҷомӣ аз рӯи осори «Қудсия»-и Хоҷа Муҳаммади Порсо (в. с. 1419), «Ламаот»-и Фахриддини Ироқӣ (1214-1289), «Волидия»-и Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404-1490), «Илоҳинома»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088) таълим гирифтааст.
Навоӣ асари «Шавоҳид ун-нубувват» ва достонҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомиро ҳам дар назди ӯ омӯхтааст, ки дар ин бора худаш маълумот медиҳад.
Ғайр аз онҳо, Навоӣ барои фаҳмидани масъалаҳои мураккаби тасаввуфии дар осори «Кашф ул-маҳҷуб»-и Абулҳасан Алии Ҳуҷвирӣ (асри Х1), «Футуҳоти Маккия»-и Муҳйиддини ал-Арабӣ (1165-1240), «Ҳадиқат ул-ҳақиқа»-и Саноии Ғазнавӣ (1079-1140), «Тазкират ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор (1145-1221) аз кӯмаки Ҷомӣ истифода бурдааст.
2. Бо таклиф ва илтимоси Навоӣ Ҷомӣ як чанд осор навиштааст (6,48-52; 55-56). Осори «Ашшиат ул-ламаот» (1481), «Нафаҳот ул-унс» (1476-1481) ва «Шавоҳид ун-нубувват» (1480-1481)-и Ҷомӣ, ки дар боло зикр шуд, аз ҷумлаи ҳамонҳо мебошанд.
Дар маноқиб-тазкираи «Нафаҳот ул-унс» ҳаёт ва фаъолияти 618 нафар сӯфӣ, қаландар, дарвеш ва шоиру олимон баён карда шудааст. Дар «Шавоҳид ун-нубувват» ҳаёт ва фаъолияти ибратноки пайғамбарамон (с) ва воқеа-ҳодисаҳои замони он кас васеъ ифода ёфтааст. «Ашшиат ул-ламаот» шарҳи «Ламаот»-и Фахриддини Ироқӣ буда, аз 28 ламъа (шуъла-боб) иборат мебошад. Дар ин асар ба ишқи илоҳӣ, муносибатҳои ошиқу маъшуқ шарҳи тасаввуфӣ дода шудааст.
Агар ин осори дар боло зикр шудаи Ҷомӣ бо таклифи Навоӣ навишта шуда бошад, асари «Муфрадот» (1485)-и Навоӣ бо таклиф ва розигии Ҷомӣ навишта шудааст. Дар «Муфрадот» намудҳои жанри муаммо, амал ва услубҳои он кӯтоҳ ва оммафаҳм тасвир шуда, бо мисолҳои мушаххас далелнок карда шудааст. Ҷомӣ дар бораи муаммо чор рисола навишта бошад ҳам «Муфрадот»-и Навоиро пазируфта, барои омӯхтани ин жанр онро ба писараш Зиёуддин Юсуф ҳамчун китоби дарсӣ тавсия мекунад.
3. Навоӣ баъзе осори Ҷомиро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Амир Алишер солҳои 1486-1488 «Нафаҳот ул-унс мин ҳазарот ил-қудс»-и Ҷомиро бо таҳти унвони «Насоим ул-муҳаббат мин шамоим ул-муҳаббат» тарҷума кард. Ин асар тарҷумаи озод буда, ба он Навоӣ як чанд замимаҳо даровард. Якум, Навоӣ муқаддимаи Ҷомиро тарҷума накарда, худаш алоҳида муқаддима навишт. Дуюм, миқдори сӯфиёни 618 нафари «Нафаҳот ул-унс»-и Ҷомиро дар «Насоим ул-муҳаббат» ба 770 нафар расонид. Сеюм, хотимаи Ҷомиро такрор накарда, ба тарҷума хотимаи алоҳида навишт.
Навоӣ соли 1481 «Арбаин»-и Ҷомиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Дар «Арбаин»-и Ҷомӣ 40 ҳадисҳои саҳеҳи пайғамбарамон (с) ба шеър дароварда шуда, онҳо дар жанри қитъа дода шудааст.
Навоӣ ба ин тарҷума ҳам эҷодкорона муносибат карда, аз усули тарҷумаи озод истифода бурд. Барои ҳамин ҳам Ҷомӣ фақат аз жанри қитъа истифода бурда бошад, Навоӣ баробари жанри қитъа аз жанрҳои маснавӣ ва рубоӣ низ истифода кардааст. Ғайр аз он, Навоӣ дар тарҷума шарҳҳои Ҷомиро васеъ гардонид ва ба онҳо фикрҳои навро илова намуд.
4. Навоӣ ва Ҷомӣ дар тартиб додани девон ва номгузорӣ кардани онҳо ба якдигар маслиҳатҳо дода, ҳамкорӣ кардаанд. Маълум аст, ки Ҷомӣ шеърҳои ғиноии хешро ба 3 девон ҷамъ карда, даставвал онҳоро «Девони аввал», «Девони сонӣ» ва «Девони солис» ном дода буд. Ҷомӣ баъди тартиб додани девони сеюм як нусхаи бо дасти хеш навишта шудаи онро ба Навоӣ тақдим мекунад. Навоӣ аз ин бағоят мамнун шуда, ба устодаш маслиҳат медиҳад, ки девонҳоро ба як муқова ҷойгир намуда, ба ҳар яки онҳо алоҳида унвон диҳад.
Инро худи Ҷомӣ низ қайд менамояд: «Низом ул-миллат вад-дин Алишер ҳиммати шариф ба он овардааст, ки давовини қасоид ва ғазалиётро, ки адади он ба се расидааст, дар як ҷилд фароҳам оварад ва чун се мағзи писта дар як пӯст бипарварад. Аз ин фақир истидъои он кард, ки ҳар як ба исме хос самти ихтисос гирад». Ҷомӣ илтимос ва таклифи Навоиро қабул намуда, девони якумашро «Фотиҳат уш-шубоб», девони дуюмашро «Воситат ул-иқд», девони сеюмашро «Хотимат ул-ҳаёт» номидааст.
Навоӣ дар «Хамсат ул-мутаҳаййирин» ба ӯ низ ҳамин хел маслиҳат додани устодашро таъкид менамояд. Воқеан, бо маслиҳат ва таклифи Ҷомӣ, Навоӣ шеърҳои ғиноии хешро ба 4 девон тақсим намуда, онҳоро «Ғароиб ус-сиғар», «Наводир уш-шубоб», «Бадоеъ ул-васат», «Фавоид ул-кибар» ном медиҳад ва ҳамаи онҳоро ба як девон ҷамъ намуда, онро «Хазоин ул-маонӣ» меномад.
Дар 3 девони Ҷомӣ аз 11 жанр истифода шудааст, ки дар онҳо жамъ 33 ҳазору 258 мисра шеър мавҷуд мебошад. Дар 4 девони Навоӣ бошад аз 16 жанр истифода бурда шудааст, ки миқдори шеърҳои онҳо 44 ҳазору 900 мисраро ташкил медиҳад.
5. Навоӣ ва Ҷомӣ ба осори якдигар татаббуъ навишта ҳам равобити адабиро давом додаанд. Татаббуъ маъниҳои ба осори шоири дигар эҷодкорона пайравӣ намудан, аз паи устодон рафтан, ҷустуҷӯ кардан, аз нав сохтанро медиҳад.
Татаббуъ аз тақлид фарқ мекунад. Дар тақлид ба шоири машҳури гузашта ё синну соли калони ҳамзамон буда тақлиди кӯр-кӯрона карда шавад, дар татаббуъ пайравии эҷодӣ ва мусобиқаи адабӣ намоён мешавад.
Татаббуънависӣ дар назми классикии тоҷику ӯзбек васеъ истифода шудааст. Инро дар эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ равшан дидан мумкин аст. Дарвоқеъ бисёр ғазал, қасида, достон ва шеърҳои дар дигар жанрҳо навишта шудаи онҳо ҳамчун татаббуъ эҷод карда шудааст. Навоӣ дар «Хамсат ул-мутаҳаййирин» қайд мекунад, ки қасидаи «Луҷҷат ул-асрор» (1475)-и Ҷомӣ ба қасидаи «Дарёъи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ татаббуъ мебошад. Қасидаи «Туҳфат ул-афкор»-и Навоӣ бошад ба ин ду қасида ҳамчун татаббуъ навишта шудааст.
Инчунин, Навоӣ дар «Муҳокамат ул-луғатайн» достони «Садди Искандари»-и хеш ба достони «Хирадномаи Искандари»-и Ҷомӣ татаббуъ буданашро таъкид менамояд . Бояд тазаккур дод, ки 51 ғазали Навоӣ, ки дар девони тоҷикии ӯ «Девони Фонӣ» омадааст низ ба ғазалҳои Ҷомӣ татаббуъ мебошанд.
Бо мамнуният таъкид кардан мумкин аст, ки Ҷомӣ низ ба шеърҳои шогирди маҳбуби хеш таттаббуъ бастааст. Воқеан, Навоӣ дар «Хамсат ул-мутаҳаййирин» гувоҳӣ медиҳад, ки Ҷомӣ ғазали бо радифи «Кошки»-и Навоӣ татаббуъ кардааст. Ғазали Навоӣ бо байти зерин сар мешавад:
Очмағай эрдинг ҷамоли олам оро кошки,
Солмағай эрдинг бори оламда ғавғо кошки.
(Ҷамолатро дар олам намекушодӣ, кошкӣ,
Ба ин олам ғавғо намеандохтӣ, кошкӣ).
Байти якуми татаббуъи Ҷомӣ зайл мебошад:
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ,
Дида равшан кардаме з-он рӯи зебо, кошкӣ.
6. Навоӣ ва Ҷомӣ дар осорашон баробари ба як дигар таъриф додан ҳамкориҳои хешро низ қайд кардаанд. Чунончи, Навоӣ дар достонҳои «Хамса»-и хеш, инчунин, дар осори «Маҳбуб ул-қулуб», «Муҳокамат ул-луғатайн», «Насоим ул-муҳаббат», «Арбаин» ба Ҷомӣ таърифи бағоят баланд дода, худашро ба ӯ шогирди наздик, мурид ва ҳатто ба дараҷаи фарзанд буданашро бо мамнуният таъкид менамояд.
Навоӣ асари «Хамсат ул-мутаҳаййирин»-и хешро пурра ба Ҷомӣ бахшида, дар он ҳаёту фаъолияти устодаш ва ҳамкориҳои адабӣ-илмии ҳардуяшонро муфассал нақл мекунад. Навоӣ дар ҳамин асараш Ҷомиро ба офтоб ва пайғамбарамон (с) муқоиса намуда менависад:
Қуёш ул навъки Мағриб сори,
Ё Наби ӯйлаки Ясриб сори.
(Офтоб он навъки ба сӯи Мағриб,
Ё Набӣ хаёл кун, ки ба сӯи Ясриб).
Бо талқини Навоӣ, офтоб аз Шарқи гарм ба Мағриби сард, яъне ба Ғарб рафта, ба он манзилу маконҳо ҳаёт ва зебогӣ мебахшад. Пайғамбарамон Муҳаммад Мустафо (с) ҳам аз Макка ба Ясриб (Мадина) рафтанду, он шаҳр низ муқаддасӣ касб намуда, зебо ва обод гардид. Ҳамин хел Ҷомӣ ҳам аз вилояти Ҷом ба Ҳирот омаданду, ба шарофати он кас ин шаҳр зебо ва обод шуда, дар он илм-фан, адабиёт ва санъат васеъ ривоҷ ёфт.
Дар осори Ҷомӣ низ ба Навоӣ баҳои баланд дода шудааст. Дар «Силсилат уз-заҳаб», «Субҳат ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ» ва «Баҳористон»-и Ҷомӣ доир ба истеъдоди бузурги шоирии Навоӣ, осори ҷовидонаи ӯ, фазилатҳои олиҷаноби инсонӣ ва наздикии ҳардуяшон мулоҳизаҳои қимматнок ифода карда шудааст. Дарвоқеъ, Ҷомӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар бораи Навоӣ менависад:
Хоса, ки ба боғи ошноӣ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Яъне ки Навоӣ лутф созад,
Дилҳои шикастагон навозад.
Коре набувад ба ҷои ин кор,
Ёрони ҷаҳон фидои ин ёр!
Ҷомӣ дар достони «Юсуф ва Зулайхо» дар офаридани образи Юсуф аз сиймо ва фазилатҳои олиҷаноби Навоӣ андоза гирифта, Юсуфро низ монанди Навоӣ донишманд, боақл, одил, инсонпарвар, тадбирбин, маънан ва ахлоқан поку саховатнок тасвир мекунад. Дар достон тасвир шудааст, ки Юсуф халқи Мисрро аз қаҳтии 7-сола бемашаққат гузаштан шароит фароҳам оварда, ҳамаро аз балои гушнагӣ эмин медорад.
Навоӣ ҳам аҳолии камбизоати мамлакати Хуросонро бо хӯрокворӣ ва либос таъмин менамуд ва ҳатто андозҳои ба халқ андохта шударо аз ҳисоби хеш пардохт мекард. Ҷомӣ образи Юсуфро монанди Навоӣ офаридаашро олими бузурги тоҷик, академик Абдулғанӣ Мирзоев (1908-1976) дар мақолаи «Образи Алишер Навоӣ дар «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ» нишон дода буд.
Дар ин ҷо бо мамнуният қайд кардан мумкин аст, ки Ҷомиро ба офтоб ва пайғамбарамон (с) нисбат додани Навоӣ ва Навоиро ба пайғамбарзода Юсуф монанд намудани Ҷомӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ меояд. Воқеан, Президентамон монанди пайғамбарамон Муҳаммад Мустафо (с) ва Ҳазрати Юсуф (а) бо ақлу идроки баланд, ватанпарварӣ ва инсонпарварӣ, олиҷанобӣ ва донишмандӣ кор бурданашон мамлакатамон тинч ва обод шуда, халқамон бошад фаровон ва хотирҷамъ зиндагонӣ карда истодаанд.
Дар боло дар бораи равобити адабӣ-илмии Навоӣ ва Ҷомӣ, устоду шогирдӣ, дӯстӣ ва ҳамкории онҳо иҷмолан фикр рондем. Дар асл ин масъала бағоят васеъ мебошад. Аммо аз рӯи ҳаминҳо ҳам гуфтан мумкин аст, ки равобити адабӣ-илмии Навоӣ ва Ҷомӣ халқамонро ва, махсусан, ҷавонони замони истиқлолияти ҳозираро ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва алоқаҳои ҳама тарафа кор бурдан тарбият намуда, ҳамаро ба ояндаи дурахшон ва фаъолияти фоиданок рост кардан хидмати арзанда карда метавонад.