Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон – падидаи тозаи замони имрӯз
Субҳони Аъзамзод, Боҳир Раҷабов
Ба ҳамагон равшан аст, ки ҳамхунӣ, ҳамҷонӣ, ҳамдамӣ, ҳамдилӣ ва ҳаммаромии ду халқи ҳамҷавори тоҷику ӯзбек анъанаҳои дерин дошта, дар дарозои асрҳо ба ҳикмату маърифати хоси ин ду халқ такя дорад. Таърихи гузашта ва навин равшан ба мо исбот мекунад, ки ин ду халқ аз қадим, аз қаъри асрҳо бо он ҳама ихтилофҳои қаввмиву гурӯҳӣ дар ҷараёни ҳамзистии ҳамдигарӣ қарор дошта, аз сарчашмаи ба назар файзбори моддиву маънавӣ ғизо гирифтаанд ва, дар ҳар ҳол, шодишарик ва ғамгусори ҳамдигар будани онҳо ба як ҳақиқати бебаҳс табдил ёфтаанд. Хосатан ин ҳамдиливу ҳамаромӣ дар адабиёти рангини ин ду халқи қарин ба таври равшан таҷассум ёфтааст. Таърихи давраи нави иртиботи ин ду халқи ҷонпайванд дар зуҳуроти равшани ҳамкориҳои дуҷониба ва равобити ҳасанаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, равуои пайвастаи байниҳамдигарӣ, амали хешовандиву авлодигарӣ, тарҳи хешиҷӯиву ба роҳ мондани заношавҳарӣ ва ғайра хеле ҷолиби диққат ва таваҷҷӯҳ аст. Ин гуна ҷонпайвандиро зуҳуроти даврони шӯравӣ ба таври хоса равшан ва муқаррар мекард, дӯстиву рафоқати интернатисионалии байни ин ду ҳалқ дар сатҳу савияи назаррас қарор дошт. Таърихи даврони шӯравии мо, бидуни шубҳа, иртиботу ҳамназарии байни халқҳои тоҷику ӯзбекро ранги хос ва усулие бахшидааст. Бешак, ин равуо ва додуситад дилу рӯҳи ҷонпарвар ва дӯстхоҳи ин ду халқро нуру нузҳату сафо мебахшиданд.
Аммо фоҷиаҳои маълуми охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 дар қаламрави Осиёи Миёна барои барҳам хӯрдану аз ҷӯш мондани ин равуо ва ҷонпайвандии ҳамешагӣ сабаб шуд. Дилҳои мо дар фосилаи бист-сӣ соли ахир ба ёди он ҳама равуои озоди байни ин ду халқ аз тамоми қаламрави Тоҷикистон, хоса рафтуои шимоли кишвар бо шаҳрҳои зебои Тошканд, Хӯқанд, Андиҷон, Фарғона ва ғайра сахт гум мезад. Сохтани марзҳои сунъӣ, эҷоди монеаҳои хавфовари инфиҷорӣ ба хотири таркиши муносибатҳо дар манотиқи назди сарҳадӣ, аз байн рафтани равобити илмиву адабӣ ва ҳунарӣ ва даҳҳо дигар амри номатлуб оташи муносибат ва дӯстиро комилан аз байн бурданд. Бо таассуф метавон изҳор дошт, ки рухдодҳои нангину фоҷиаангези чанд соли баъди фурӯпошии давлати шӯравӣ қувваҳои харобкорро барои аз миён бурдану буридани дарахти сершоху барги дӯстӣ ва равуои дуҷонибаи ин ду халқ «фаъол» карданд.
Хушбахтона, ҳаёт саросар аз зуҳуроти падидаҳои матлуб ва эҳёгари анъанаҳои дерин иборат аст, ки барои аз нав сабзонидани дарахти дӯстии халқҳо мусоидат хоҳанд кард. Ин амали дилгармона, бешубҳа, ба эҳёи хосаи дӯстии гусехтаи байни ин ду халқ замина гашта, аз сарсабзии минбаъдаи ин дарахти тануманди дӯстӣ қисса мекунанд.
Ташаббуси эҳё шудани гузаргоҳҳои қаблан мамнӯи байнисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз муҳимтарин тадбирҳои обёрӣ шудани решаҳои дӯстии азаливу таърихии байни ин ду кишвар мебошад, ки марҳалаи тозаеро дар муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду қаламрав боз мекунад. Ба фикри мо, хеле арзишманд, муҳим ва усулӣ аст, ки ду нафар шахсияти баландрутба ва воломақоми сиёсие бо иродати комили пайвандгарӣ – Пешвои муаззами миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев эҳёи суннатеро ба роҳ монданӣ шудаанд, ки дар амри устуворӣ ёфтани муносибатҳои самимӣ ва оштипазири ин ду халқи қадршинос, дӯстию ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмии онҳо дар амри ҳаёт ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ арзиш ва аҳамияти баланди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабӣ доранд. Дар зербинои ин амри муҳим ва тақдирсози таърихи навини мо, ки аз ҷониби ду сарвари давлати бузурги ҳамсоя анҷом мепазирад, муҳимтарин нуктаҳои пешрафтҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангӣ қарор дорад.
Яке аз руйдодхои муҳим дар амри ривоҷи дӯстиву ҳамкории ин ду халқи ҳамсоя ифтитоҳи гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ мебошад, ки мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст онро дер боз интизор буданд ва хеле самимона, бо миннатпазирии тарафайн пазируфтанд. Зеро, бо кушоиши он анбӯҳи норасоиҳое, ки чандин сол халқи ин ду кишварро нороҳат мекарданд, аз байн рафта, ин иқдоми нек ба ниёзҳои рӯҳиву равонии ин ду халқи дӯсту ҳамсоя манфиат мебахшад.
Фикр мекунем, ки аз чунин тасмими равшанбин ва фардонигари ду кишвар, ду сарвари воломақому комилиродаи миллатҳои тоҷику ӯзбек, боз аз нав ин ду халқ дар тақдиру сарнавишти ҳамдигар нақши зарҳалин мегузоранд. Самарабахш хоҳад буд, агар минбаъд низ тӯю сури халкҳои тоҷик ва ӯзбекро мисли пештара сурудҳои ҳамдигарӣ гарм намояд ва ба дилҳо шодию сурур бахшад. Барои ҳам тоҷик ва ҳам ӯзбек калимаҳои муқаддаси муҳаббат, ишқ, меҳр, садоқат ҳамеша дар як маъно қарор дошта, ифтитоҳи роҳ ва инкишофи муносиботи байниҳамдигарӣ моро боз ҳам ба сарчашмаҳои азалии дӯстиву ягонагии ин ду халқ наздик хоҳад бурд.
Ибтикори хуб ва иқдоми назарраси идома додани дӯстиву ҳамкории тоҷикону ӯзбекҳо ҳар шахси соҳибандешаро ба мағзи суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон наздик хоҳад бурд, ки боре бисёр ҷолиб ва ангезанда ироа карда буданд: «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек амри Худованд аст!». Ин гуна матлабро дар гузашта шахсиятҳои мубтакири номвари сиёсии Ӯзбекистон низ дар назар доштанд. Аз ҷумла, чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва давлатии ӯзбекон Шароф Рашидов тоҷикону ӯзбеконро болу пари як паранда ва ё ду сари як марза ба шумор меовард.
Имрӯз мардуми Ӯзбекистон ба сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев арзи сипос мегӯянд.
Аҳли фарҳанги Ӯзбекистон ба гузаштаи пурбору пурифтихори халқи тоҷик назари хеле одилонаву мунсифона дошта, ба рисолати таърихӣ ва нақши гӯёи миллатсозии Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон баҳои арзанда медиҳанд. Бесабаб нест, ки дар аксари хонадони мардуми хушназар ва мавридшиноси ӯзбек акси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шуда, эҳтироми хосаи ин мардумро ба кору ном ва қадршиносӣ аз хидмат ва рисолати бунёдгаронаи эшон бозгӯ мекунад.
Ба муносибати ҷӯшон шудани пайванди ин ду миллат чорабинии зиёде сурат гирифтааст, китоби зиёде ба нашр расидаанд, аз ҷумла очерки илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти унвони «Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек» бисёре аз нукот ва рӯйдодҳои ин пайвандро рӯнамо мекунад, ки муҳимтарин василаи шинохти ин масъала мебошад.
Академик А. Раҳмонзода ин асарро дар партави рӯйдодҳои навини марбут ба пайванди ин ду халқ, дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд овардааст, ки дар таҳким бахшидани самтҳои равобити фарҳангию адабии чандинасраи халқҳои тоҷику ӯзбек арзиши баланде дорад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои назаррас медиҳад ва мақоми эшонро дар дарки таърихии масъала равшан муқаррар мекунад: «Роҳбари хирадманди тоҷикон дар доираи ниятҳои холисона дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро пос медоранд ва баҳри татбиқи амалии он кӯшиш карда, ҷиҳати васеъ гардидани доираи ҳамкориҳо шахсан талош менамоянд».
Нақду таҳлили қазияи ҳампайвандии ду халқи ба ҳам ҳамсоя аз диди академик А. Раҳмонзода бо назардошти дарки таърихияти масъала ва эҳсоси хидматҳои таърихии фарзандони барӯманди ду ҷониб сурат ёфта, ки «тайи қарнҳо кӯшиш кардаанд, дар зеҳну андешаи мардум хислатҳои неку ҳамидаи инсондӯстӣ ва ҳамзистиро ҷой намоянд ва умр ба сар бурдан дар фазои дӯстию рафоқатро тарғиб созанд. Махсусан, аҳли адаб аз ибтидо ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, тавассути осорашон ғояҳои дӯстию рафоқат, бародарию баробарӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тараннум намуда, бо ҳамдигар робитаи эҷодӣ ва аз осори ҳамдигар омӯхта, ба таълифоти якдигарӣ эътимоду эътиқод доштанд».
Ин асари муҳими муаллифи пайвандшинос дар ҳашт бахш фароҳам омада, таҷассумгари дӯстӣ ва равобити адабию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дарозои таърих маҳсуб мешавад. Нигориши корномаи таърихиву сабақангези шахсиятҳои барҷастае амсоли Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Шароф Рашидов ва дигар адибони тоҷику ӯзбек арзиши китоби Абдуҷаббор Раҳмонзодаро боло бурдааст. Ин асар дар заминаи маводи фаровони таърих ва замони ҳозира ва бо такя ба таҷрибаҳои якдасти пайвандшиносӣ рӯйи сафҳа омадааст.
Муаллифи равшанбини асар бо таваҷҷӯҳ ба шаҳодати таърихи ин ду халқ қазияи дӯстиву рафоқат ва ҳамкории густурдаи маънавиятпарвари Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро дар шароити комилан нави иҷтимоиву фарҳангӣ тақвият дода, консепсияи қаблии донишмандони пайвандшиносро дар ин замина бо ихлосу муҳаббат ба таври равшан ва бакоргирии таҷрибаҳои якдасти пайвандшиносӣ пайгирӣ намудааст: «Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дӯстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои хеш шод гардида, ҳамеша нахуст мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар мегузарониданд ва баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медоданд».
Дар асари мазкур масъалаҳои равобити фарҳангии ду халқи бародар мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, саҳми тоҷикону ӯзбекон дар инкишофи адабиёт ва ҳунар, тарбияи кадрҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои дигар мулоҳиза рондааст.
Лозим ба ёдоварист, ки очерк тамоми ҷанбаҳои дӯстӣ ва равобити адабию фарҳангии ду халқи ҳамсояро аз қарни XV то замони имрӯза фаро гирифта, бо забони фасеҳу оммафаҳми ба аҳли васеи хонандагон дастрас таълиф гардидааст.
Фаро расидани марҳалаи тоза ва нави ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст ва ҳамсоя – Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фоли нек аст. Фикр мекунем, таърих ва замон эҳтироми хидмат ва талошҳои мубтакирон ва ташаббускорони онро дар мақоми худ хоҳад гузошт!...