Паёми Пешвои миллат – барномаи илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз
Ҷамшед Ҷӯразода Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, профессор
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат санади сарнавиштсоз буда, он аҳамияти муҳими таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Анъанаи ироа ва пешниҳоди Паём аз ҷониби Сарвари мамлакат ғолибан дар кишварҳои низоми демократидошта роиҷ аст. Паём як усули таърихии робита, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.
Аҳамияти сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалии Паём дар он ифода мегардад, ки ин санад тамоми соҳаҳои калидии ҳаёти мамлакат – сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тандурустӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва суботи ҷомеа, давлатро таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ ва дурнамои онро муайяну мушаххас месозад.
Паём гарчанде ҳуҷҷати комилан илмӣ ва назариявӣ бошад ҳам бузургии мантиқи он дар он аст, ки тамоми масъалаҳои мураккаби фарогири он бо забон ва шарҳи оммафаҳм, нишорас баён гардидааст. Мазмун ва мӯҳтавои аслии ин санади ояндасоз пеш аз ҳама ба марҳила ба марҳила боло бурдани сатҳи некӯаҳволии халқ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.
Ҳар як Паём барномаи сифатан наву тоза буда, дар он самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, дурнамои рушди он дар марҳилаи минбаъда тарҳрезӣ мегардад.
Паём барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кулли мардум ҳуҷҷати роҳнамо буда, аз он вазифаҳои барномавии тамоми сохтору мақомоти зикршуда бар меояд ва Паём онҳоро ба иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави даврони истиқлолият, рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа буда, он ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар Парлумони кишвар ироа мегардад.
Боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Президент” аз 9 модда иборат буда, дар моддаи 69, ки аз 29 банд иборт аст, салоҳияти Президентро муайян менамояд ва тибқи банди аввали моддаи мазкур Президент “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян мекунад” .
Мутобиқи моддаи 70 “Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояиМаҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд”.
Ҳамчуноне, ки маълум гардид, Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон пояи қонунӣ, ҳуқуқӣ дошта, он аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ ва салоҳияти конститутсионии Президент тибқи қонуни асосии мамлакат манша мегирад.
Паём ин санади хеле муҳиму сарнавиштсозест, ки дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро муайян месозад, нақшаи тараққиёти ояндаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро тарҳрезӣ намуда, вазифа, мақсаду маром, роҳу василаҳои тактикии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва калидиро муайяну мушаххас месозад.
Нахустин Паёми Президенти мамлакат 27 апрели соли 2000 ироа гардида, Паёми навбатӣ -20-умин Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҳисоб меравад.
Ба андешаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор С. Ятимов:“Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бист соли охир ба тарзи муъҷаз дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунанд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян мегардад, Паёмҳои Сарвари давлат ба Парлумони кишвар мебошанд”.
Ҳар як Паёми Пешвои миллат вобаста ба мақсаду маром, вазифа ва хусусиятҳои хоси марҳилаи муайяни рушди мамлакат ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххаси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тарҳрезии барномаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар гирифта, ба маънои том қутбнамои рушди устувор, бонизом ва бомароми давлат ва ҷомеа мебошад.
Яке аз хусусиятҳои хоси Паёми Пешвои миллат дар он аст, ки ин ҳуҷҷати барномавӣ дар пояи таҳлилҳои амиқи илмии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ғоявӣ, маънавӣ асос ёфта, фарогири ҷанбаҳои муҳими илмӣ, назариявӣ, амалӣ ва ояндабинӣ мебошад.
Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид,мисли Паёмҳои қаблӣ масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзиш, оила, занон, ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии паҳн шудани фарҳангу ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мавриди таҳлил, баррасӣ қарор гирифта, нақшаву барномаҳои мушаххаси ҳаллу фасли онҳо таҳрезӣ гардидааст .
Дар Паёми Пешвои миллат муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа дар тӯли соли сипаришуда, ҳамчун натиҷаҳое, ки ба ду даҳсолаи минбаъда заминаи бунёдӣ гузошт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақша ва марому мақсади созандагӣ ва бунёдкории мардумишарифи Тоҷикистонро то соли 2030 тарҳрезӣ шудааст.
Сарвари давлат Паёми навбатиро аз таҳлилу арзёбии муҳимтарин воқеаву рӯйдодҳои соли 2018 оғоз намуданд, ки он дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо, сиёсати дохиливу хориҷии оқилона, хирадмандона вадурандешонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши амиқ ва ҳалкунанда гузоштанд.
Яке аз самтҳои муҳим ва муваффақонаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат ин дипломатияи об, оғози Рӯзибайналмиллалии захираҳои об, тадбиқи ташаббуси чорӯми ҷаҳонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об – “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки бо иштироки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22-юми марти соли 2018 расман оғоз гардид.
Воқеан ҳам иқдомҳои Пешвои миллат дар ҳаллу фасли яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир – таъмини аҳолии сайёраи мо бо оби ошомиданӣ, ҳифз ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои об дар миқёси ҷаҳон баёнгари обрӯ, нуфуз ва эътирофи Тоҷикистон ва Сарварион ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадманд дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Рӯйдоди дуюми воқеан таърихӣ – ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми НБО “Роғун”, иншооти бузурги тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки ба шарофати ҷасорату мардонагӣ ва собитқадамии Пешвои миллат ва меҳнати қаҳрамононаи мардуми заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид. Ин Кохи нур оғози гардиши куллӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо, як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Воқеаи сеюми муҳиму хотирмон, ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ин таҳаввулоти таърихӣ дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Маҳз дарки масъулияти бузурги таърихӣ, ҳусни таваҷҷӯҳ ба дӯстиву бародарии чандинасраи мардуми тоҷику ӯзбек, бо ташаббус, иродаи нек, ҷасорат ва хиради азалии ду сарварони давлатҳои ҳамсоя – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мо ба маҷрои солиму созанда ворид гардида, бисёр масъалаҳое, ки дар тӯли беш аз ду даҳсола миёни ҷумҳуриҳои мо ба вуҷуд омада буданд, бо шарофати мулоқоту музокироти роҳбарони ду давлат ва ба имзо расидани як қатор шартномаҳои шарикии ҳамкорӣ ва стратегӣ ҳаллу фасли худро ёфтанд.
Дар тамоми Паёмҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Паёми навбатӣ низ нуктаҳои муҳимтарин, таҳлили илмии вазъи иқтисодиёти мамлакат, асоснок намуданинақшаву ҳадафҳои афзалиятноки иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки иқтисодиёт появу бунёди ҷомеа буда, рушди устувори кишвар, ҳаллу фасли тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ бар пояи он устувор ва бунёд ёфтааст. Мақсади таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат чунин ифода гардид: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст”.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат вазифаҳое, ки дар Паёми қаблӣ гузошта шуда буданд, натиҷаҳои тадбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бар меоянд мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, беқурбшавии пул дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ таъмин гардида, беш аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар се соли охир 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз афзуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ 29,5 фоиз коҳиш ёфт.
Сиёсати дурусти демографӣ ва бар пояи таҳлилҳои илмӣ ва ояндабинӣ тарҳрезӣ шудани он яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Паём ишора гардид, ки: “Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.
Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем”.
Ҳадафи аслии таъмини рушди иқтисодиёт, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар Паём таъкид гардид, ки маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷавӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендия аз моҳи сентябри соли 2018 то 15 фоиз баланд бардошта шуда, соли 2019 Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалӣ сохтани иқдомҳои нав 1,2 милиард сомонӣ равона месозад. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 фоиз, тандурустӣ 7, фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.
Рақаму далелҳои зикршуда баёнгари таҳлили илмӣ ва амиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, кисоҳаҳои мактабу маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар меҳавари сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат қарор дорад.
Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи мактабу маориф, илм таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, ғамхориро дар ин самт ҳамеша идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо марҳила ба марҳила ҳаллу фасл менамояд. Соли 2018 дар мамлакат аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо 151 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 ҳазор ҷои нишаст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар Паём доир ба ду проблеммаи асосии ҳалталаб дар соҳаи маориф ишора гардид. Якум, норасоии мутахассисони соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар. Сарвари давлат чунин ёдрас намуданд, ки “пешрафти илму техника ва технология тақозо менамояд, ки устодону омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва касбияти худ мунтазам кӯшиш намоянд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.
Роҳбари давлат ба вазорату сохторҳои соҳаи маориф дастур доданд, ки ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, кормандони муассисаҳои таълимии мамлакат, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти худ ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шавад ва ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо дастур дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод гардад.
Дар Паёми Пешвои миллат се самти ҳаётан муҳим ва калидии рушди иқтисодии мамлакат – таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илмӣ, иқтисодӣ, молиявӣ коркард, тарҳрезӣ шуда ва ҳоло бо муваффақият тадбиқ шуда истодаанд, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда дар самти расидан ба ин ҳадафҳои ормонӣ ва олии мардуми мо мушаххас гардиданд.
Пешвои миллат таъкид бар он доштанд, ки нақшаи табдили иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба шакли индустриалӣ – аграрӣ ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи саъю кӯшиш ва тадбирҳои амалии Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 фоиз то 17,3 фоиз афзоиш ёфта, то соли 2030 ин нишондод бояд ба 22 фоиз расонида шавад.
Мақсади ин ҳадаф - рушди минбаъдаи саноат, бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳоиватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар, фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.
Дар баробари таваҷҷӯҳ ба соҳаи саноат дар Паёммасъалаи рушди деҳот ва ҳалли мушкилоти мардуми он мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Барои инкишофи инфрасохторҳои деҳот бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда, вобаста ба он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид.
Дар Паём таъкид гардид, ки “Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.
Дар Паём ба масъалаи ҳифзи мероси таърихӣ, арзишҳои маънавӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Эҳё ва мақому манзалати нав пайдо кардани ҷашнҳои миллӣ ва мероси ниёгон, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гаштани ёдгории нодири таърихии Саразм, Парки миллии Тоҷикистон баёнгари сиёсати фарҳангбунёди Пешвои миллат ва талошҳои пайгиронаи ин шахсияти беназири ватандӯст ва ҳимоятгари мероси ниёгони мо маҳсуб меёбад.
Бо иқдоми Пешвои миллат соли 2020 ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад ва ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки мо бори дигар ба ҷаҳониён фарҳангу тамаддуни қадими худро муаррифӣ созем. Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуданд, ки “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”.
Сиёсати адолатбунёди гендерӣ, таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва дар даврони истиқлолият дар ин самт як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат қабул гардиданд, ки барои фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳо заминаву имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. Дар Паём доир ба афзудани мақоми занон дар ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдрас шуда, қайд гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи мазкур 52 фоизро занону духтарон ташкил мекарданд ва соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расид. Дар соҳаи тандурустӣ бошад соли 1998 аз 45 ҳазор кормандон 25 ҳазор нафари онҳоро занону духтарон ташкил мекарданд ва соли 2018 аз 80 ҳазор нафар кормандон - 51 ҳазор нафарро бонувон ташкил мекунанд.
Шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ сол аз сол афзуда, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ занону духтарон25 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар Паём ба масъалаи волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, такмили қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд ва пешниҳод гардид, ки Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои даҳсолаи минбаъда таҳия ва қабул карда шавад.
Паём аз нигоҳи илмӣ, ҳуҷҷати назариявӣ, таҳлилӣ ва ояндабинӣ буда, он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти тағйирпазирии равандҳои пуртазоди геополитикӣ, геостратегӣ, бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, амниятиро низ дар сатҳи ҷаҳони муосир фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, дар Паём ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шудааст, ки “паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйирёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро таҳлил намуда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад”.
Чунин масъалагузорӣ ва диду назари Сарвари давлат дар Паём аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин барномаи сарнавиштсоз яке аз санадҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои миллии мо дар арсаи байналхалқӣ, дастур ва роҳнамои сиёсати берунии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Дар Паём масъалаи мубориза бар зидди хатари терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, паҳн шудани силоҳ, таҳкими ҳифзи сарҳадмавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, ба сохторҳои қудратӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарнок ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар Паём таъкид гардид, ки мардуми шарафманди тоҷик соли 2021 ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана таҷлил хоҳад кард ва Сарвари давлат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, роҳбарону сарварони мақомоти гуногун – аз зинаи боло то ба поён чунин муроҷиат намуданд: “Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.
Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.
Бинобар ин, ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо” [2, 46].
Ҳамин тавр, бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво, сохтор, бандубаст, мантиқ ва инъикоси матлаб як барномаи мушаххаси илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз буда, он фарогири маълумот, иттилоот, санаду рақам ва далелҳои мӯтамад мебошад ва барои ҳар як сокини кишвар ҳамчун роҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, хидмат менамояд.