​Ҳуҷҷати сарнавиштсоз

Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи педагогикаи умумӣ таҳти роҳбарии омӯзгорони ҷавон Ахмедова ва Ғаниева бо донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар хобгоҳи №3 доир шуд.

Дар доираи чорабинӣ перомуни мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа шуданд.

Ҳамзамон, намоиши слайду роликҳо, ки арзиши Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ифода мекунад, манзур гардид.

Намоиши саҳнаҳо, иҷрои суруд аз ҷониби донишҷӯён ва шеъру гуфтор ба чорабинӣ ранги бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ