​Терроризмро пешгирӣ мебояд

Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Дар хусуси он борҳо гуфтушунид мешаваду ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст.

Амалиёти гуногуни террористӣ дар гўшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие аст, ки кулли ҷомеаро ба ташвиш меорад.

Таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, зеро мафҳуми худи терроризм он қадар маълум ва мушаххас нест. Бояд иқрор шуд, ки ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастаҷамъона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад. Он ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Тибқи маълумот дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.

Хушрӯя ТӮХТАЕВА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ