​Таҷрибаомӯзон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳанд

Донишҷўёни курси чоруми ихтисосҳои “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология”, “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назарии худро дар амал татбиқ доранд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомномаи таҷрибомўзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи таълимӣ барои гузаронидани таҷрибомўзии омўзгорӣ ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзии ин гуруҳи донишҷӯён чор ҳафта давом карда, то санаи 24 феврали соли 2024 идома хоҳад ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз ҷониби масъулин ва намояндагони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон мунтазам назорат мегардад.

Аз ҷумла, намояндаи шуъбаи мазкур Дилором Маҳмудова ҷиҳати шиносоӣ бо рафти татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омада, ба таҷрибаомӯзон маслиҳат ва машварат дод.

Чунин иқдом мунтазам роҳандозӣ шуда, баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ