​Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Донишҷӯёни курси сеюми шуъбаи фосилавии факултети филологияи рус ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ҷалб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №10, №14, №9, Гёте, “Паймони азизон” -и шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар рӯзи аввали таҷрибаомӯзӣ аз тарафи роҳбарони таҷрибаомӯзон доир ба вазифаҳои таҷрибаомӯзон, ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён заминаест, ки дар доираи он донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ намуда, роҳҳои дурусти муошират бо хонандагонро меомӯзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ