​Таҷрибаомӯзӣ: барои татбиқи донишҳои назарӣ тамоми имконият фароҳам аст

Донишҷӯёни курси панҷуми ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ дар чанде аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Аз ҷумла, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар маркази саратоншиносии вилояти Суғд, беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд ба номи Ӯрунов, беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи Қутфиддинов,МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд, лабораторияи “Дента” ва маркази ташхисии “Насли солим” идома дорад.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзии ин гуруҳи донишҷӯён 29 январ оғоз гардида, то санаи 9 марти соли 2024 давом хоҳад кард.

Ҳамзамон, донишҷӯёни кафедраи грамматикаи забони арабӣ давоми ду ҳафта инҷониб дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҳои назарии худро дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар доираи “Низомномаи намунавӣ дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, дар ин самт барои онҳо тамоми шароит фароҳам аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ