​Таҷрибаи омӯзгорӣ: татбиқи донишҳои назарии донишҷӯ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзони ихтисосҳои курсҳои 3 ва 4-уми шуъбаи рӯзона баргузор шуд. Дар он декани факултет, дотсент Усмонзода Даврон, мушовир, педагог, психологҳои зергуруҳҳо ва донишҷӯ – таҷрибаомӯзон иштирок карданд.

Сараввал декани факултет Усмонзода Даврон баромад карда, оид ба мавқеъ ва аҳамияти таҷрибаи омӯзгорӣ дар раванди таълими ихтисосҳои омӯзгорӣ ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки тибқи нақшаи таълимӣ ва фармоиши ректори донишгоҳ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои ҳамгирои таҳсилоти ибтидоӣ ва забони русӣ, забони англисӣ, таҳсилоти томактабӣ ва логопедия давоми 4 ҳафта ва донишҷӯёни курси 3-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ба муддати 6 ҳафта барои гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол тибқи тақсимот 132 нафар донишҷӯ-таҷрибаомӯз, ки 10 зергуруҳро ташкил медиҳанд, дар 10 муассисаҳои таҳсилоти миёна таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд.

Дар идома аз ҷониби дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё дар мавзуи “Роҳҳои такмил додани раванди таҷрибаи омӯзгорӣ”, муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ ­­­Бобоева дар мавзуи “Нақши донишҷӯ-таҷрибаомӯз дар ташкил ва баргузории дарсҳои тибқи талаботи муосир”, баромад намуданд.

Роҳбари умумии таҷрибаомӯзии факултет дотсент СатторовӮктамалӣ ҳозиринро бо фармоиши ректори Донишгоҳ оид ба таҷрибаи омӯзгории шуъбаи рӯзонаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус шинос намуд.

Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки муҳлати раванди таҷрибаомӯзиро самаранок истифода бурда, барои татбиқи донишҳои назарии хеш аз тамоми имконият истифода баранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ