​Таҳкими донишҳои назариявӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Таҷрибаомӯзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ҷиҳати таҳкими донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ замина мегузорад.

Дар робита ба ин донишҷӯёни курси сеюми факултети филологияи тоҷик таҳри роҳбарии методист Мадинахон Бобоҷонова ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳафтаи аввал таҷрибаомӯзон ба дарси устодони соҳибтаҷриба даромада, аз раванди баргузории машғулият ва нозукиҳои касби омӯзгорӣ ба худ бардоштҳо гирифтанд. Дар ҳафтаи дуюм таҷрибаомӯзон дарсҳои худро ташкил намуда, аз усулҳои муосири таълим, усули салоҳиятнокӣ ва корбурди фаровони воситаҳои муосири таълим самаранок истифода намуданд.

Таъкид рафт, ки дар фарҷом машғулиятҳои таҷрибаомӯзон мавриди таҳлили қарор гирифта, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани он машваратҳои педагогӣ аз ҷониби устодон дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ