​Таҷассуми Наврӯз дар осори Абурайҳони Берунӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа бахшида ба иди Наврӯз дар хобгоҳи №9 мулоқот сурат гирифт. Мулоқоти мазкур дар мавзӯи “Таҷассуми Наврӯз дар «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ” ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус ба донишҷӯён оид ба суннатҳои ҷашни аҷдодии Наврӯз маълумот дода шуд. Таъриху таҳаввули Наврӯзи бостон аз нуқтаи назари фалсафӣ ба донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён шеъру гуфтор дар васфи Наврӯз шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ