​Таҳаммул ва масъулиятшиносӣ

Дар факултети филологияи рус дарси кушоди соати тарбиявӣ дар гурӯҳҳои 302 ва 305 таҳти роҳбарии куратор Саида Бадалова дар мавзуи “Таҳаммул ва масъулиятшиносӣ – омили камолоти шахс. Оростани баҳсу мунозира оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва худкушӣ дар ҷомеа, ошкор намудани сабабҳои асосии он” бо шиори “Мы против насилия“ бо иштироки декани факултет дотсент Раъно Шаропова ва муовинони декан гузаронида шуд.

Нахуст, роҳбари гурӯҳ перомуни худкушӣ маълумот дода афзуд, ки ин вайронкунии қонунҳои ахлоқӣ мебошад ва агар ҳодисаи худкушӣ зиёд гардад, ба ҷамъият зарари калон мерасад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин падидаро қонун амалкунанда маҳкум менамоянд ва худкушӣ ягон вақт роҳи ҳалли мушкилот шуда наметавонад.

Сипас, дотсенти кафедраи психологияи умумӣ Г.Мамадалиевааз нуқтаи назари психологӣ мавзуъро шарҳу тавзеҳ дода, оид базӯроварӣ дар оила ва хавфи он дар зиндагӣ баромад намуд.

Дар идома донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро доири мавзӯи баррасишаванда иброз намуда, роҷеъ ба мавзуъ, монолог ва саҳнача тарбиявӣ намоиш доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ