​Созишномаи дутарафа бо Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷони Ҷумҳурии мардумии Чин

Дирӯз директори Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи педагогии Шинҷон Ванг лаоши, профессор Ма лаоши, профессор Ченг ва профессор Линг ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, муовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Давлатзода Рухсора ва дигар кормандону масъулин истиқбол намуда, суҳбати самимиву муфид доир намуданд.

Зимнан ҷонибҳо барои табодули донишҷӯёну олимони ҷавон барои идомаи таҳсил (1 семестр ва 1 соли хониш) зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура PHD ва барои мутахассисони ҷавон такмили ихтисос созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳамчунин меҳмонон аз факултети забонҳои шарқ, ки аз рӯи ихтисоси забони чинӣ мутахассис омода мекунад дидан намуда, ба донишомӯзии донишҷӯён ва раванди таълим дар Донишгоҳ баҳои баланд доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ