​Сотсиологияи иқтисодиёт ва меҳнат

Дар доираи семинари таълимӣ, ки дар назди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа доир мешавад, ин навбат мавзӯи «Сотсиологияи иқтисодиёт ва меҳнат» баррасӣ гардид.

Омӯзгори кафедра Ҷабборова самтҳои асосии мавзуъ ва мақсади онро муайян ва ба пуррагӣ баён кард. Зикр гардид, ки соҳаи иқтисодиёт ва меҳнат бо ҳам зич алоқаманд буда, як самти омӯзиши илми сотсиология аст. Дар ҷамъбасти семинар ба омӯзгор баҳои мусбат дода шуда, таъкид гардид, ки дигар омӯзгорони ҷавон низ дар семинари таълимӣ фаъол бошанд.

Маврид ба зикр аст, ки семинари мазкур давоми моҳ як маротиба баргузор шуда, дар он омӯзгорони ҷавон ва устодони кафедра вобаста ба мавзуъҳои таълимӣ маърӯза мекунанд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ