​Системаи чор муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ

Дар кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ семинари илмӣ-назариявии намунавӣ гузаронида шуд. Дар семинар аъзои кафедра, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар мавзуи «Ҳалҳои суст афзуншавандаи системаи чор муодилаҳои дифференсиалӣбо ҳосилаҳои хусусӣ» маърӯза ироа шуд.

Дар маърӯза доир ба системаи чорченака, масъалаҳо оид ба ҳалҳои дар тамоми ҳамвории муайян, фазои - функсияҳои умумикардашудаи суст афзуншаванда маълумот пешниҳод гардида, системаи мухталиф ёфтани ҳалҳо дар фазои Швартс шарҳ дода шуд.

Семинари илмӣ-назариявии намунавӣ бо истифода аз муаррифӣ ба тариқи саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур дар доираи «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ» роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ