​Шиносоӣ бо раванди таҷрибаомӯзӣ

Декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҳамроҳ бо як қатор омӯзгорон аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён огоҳ шуданд.

Ин ташаббус бо мақсади таъмини сифатнокии раванди таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки декан ва роҳбарони таҷрибаомӯзон ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, бо ҷараёни татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён шинос гардиданд.

Ҷиҳати самаранок истифода бурдани муҳлати таҷрибаомӯзӣ ва дар амал татбиқ намудани дониши назарӣ барои донишҷӯён маслиҳатҳо дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ