Конфронси илмӣ-амалӣ: Тоҷикистон ва 28-соли музаффарият

Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва 28-соли музаффариятҳо” бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО "Роғун" бо иштироки кормандони самти тарбия, маркази иттилоот ва таҳлил, ҳайати маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”-и донишгоҳ ва маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Конфронс дар ду бахш сурат гирифта, дар бахши аввал муовини ректор оид ба тарбия Аюбҷон Усмонов, мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Шомирзоев, мудири бахши кор бо занон ва бонувони донишгоҳ Замира Рустамова, сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлил Шодмон Нурматов ва мутахассиси шуъбаи тарбия Хайёмиддин Исмоилов суханронӣ намуда, аз дастовардҳои 28 – соли Тоҷикистон ва хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гул-гулшукуфоии Ватани азизамон арзёбӣ намуднад.

Дар бахши дуюми конфронс Нозимҷон Насимзода, роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Акмал Абдуллозода, аъзои гуруҳи ҷавонони "Авангард"-и назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Озод Раҳмонов, Элёр Бегов, Нигора Шарипова ва дигар фаъолони маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” доир ба мавзуҳои давраҳои “Истиқлолият неъбати бебаҳост”, “Роғун иншооти аср”, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва хизматҳои Пешвои миллат барои барқарорсозии сулҳи тоҷикон, хиёнаткориҳои ТЭТ ҲНИ маърузаҳо намуданд.

Дар анҷоми конфронс муовини ректор оид ба тарбия Аюбҷон Усмонов сухан намуда, аз воқеаҳои таърихии сафарҳои пурхатари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва мулоқот бо гурезагони тоҷик ва аз дигар масоилҳо ёдовар шуда, ҷавононро соҳибкасб гардидан ва барои давлату миллат хизматҳои шоиста намудан даъват кард

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ