​Семинар: Хусусиятҳои хоси таълими забони хориҷӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои таълим ва илм семинари илмӣ-назариявӣ ва таълимӣ-методӣ бо иштироки васеи устодон ташкил ва баргузор гашт. Дар семинари таълимӣ-методӣ саромӯзгор Сатторова Махфират дар мавзӯи “Хусусиятҳои хосаи таълими забони хориҷӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ” ва дар семинари илмӣ-назариявӣ, маърӯзаҳои дотсент Бобоева Зайнура дар мавзӯи “Роҷеъ ба муаммои пайвандакҳо дар оғози ҷумла”ва саромӯзгор Назарова Муаззам дар мавзӯи “Ҷой ва тарзи истифодаи феълҳои модалии “shall” ва “will” дар забони англисӣ ва воситаҳои ифодаи онҳо дар забони тоҷикӣ” шунида шуд.

Дар баромадҳо муҳимтарин масоили таълими забони хориҷӣ, муаммои пайвандакҳо дар оғози ҷумла ва тарзи истифодаи феълҳои модалӣ дар забони англисӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Семинари илмӣ-назариявии бо мақсадиташаккули пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ ин беҳтар намудани ташкили корҳои таълимӣ-методӣ ва таъмини фанҳо бо маводи таълимӣ-методӣ, дар раванди таълим истифода бурдани технологияи нави иттилоотӣ, шакл, усул ва воситаҳои муосири таълим арзёби гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ