​Семенари таълимӣ-методӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа семинари таълимӣ баргузор гардид. Дар он омӯзгорони ҷавон ва устодони кафедра вобаста ба мавзуъҳои таълимӣ баромад намуда, маҳорати педагогии худро нишон доданд. Ин навбат омӯзгори кафедра Ботурова Дилафрӯз дар мавзӯи “Фалсафаи классикии олмонӣ” маърӯза намуд.

Маҳорати педагогии омӯзгор дар рафти баромади ӯ мавриди таҳлил қарор гирифта, методу вазифагузории масъалаи фаннӣ ба талабот ҷавобгӯ буд.

Дар маҷмуъ, самтҳои асосии мавзӯъ ва мақсади он муайян аз ҷониби омӯзгор ба пуррагӣ баён карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар дар кафедраи умимидонишгоҳии фалсафа ҳар моҳ як маротиба доир мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ