​Саҳми конференсияи илмӣ дар ташаккулимафкураи миллӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон ва донишҷўён бахшида ба «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Рўзи илми тоҷик гузаронида шуд. Ба кори конференсия мудири кафедра н.и.с. Ойбек Холдоров ибтидо бахшида, аҳамият ва зарурати тайёр кардани маърўзаи илмиро дар ташаккули нутқи шифоҳӣ, хаттӣ, тафаккури маънавӣ ва ҷаҳонбинии илмии устодон, олимони ҷавон ва донишҷўён таъкид намуд. Дар бахши устодон ва олимони ҷавон 16 маърузаҳои омўзгорони кафедра ва дар бахши донишҷўён низ 16 маърўзаи илмии муҳассилин аз факултетҳои гуногун мавриди омўзиш ва муҳокима қарор гирифт. Маърўзаҳо фарогири масоили мубрами замони муосир буда, дар ҳифзи сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дошт. Хусусан, масоили муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ташаккули мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ дар маърўзаҳо бештар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Маърузаҳо тавассути муаррифӣ пешниҳод гардида, баъди шунидани онҳо бахши мубодилаи афкор ташкил гардид. Дар бахши омўзгорон ва олимони ҷавон маърўзаи сармуаллима Саркорбобоева Мунзифа таҳти унвони “Мақоми созмонҳои байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир” ва дар бахши донишҷўён маърўзаи Раҳмонова Мақсадхон Абдумуқимовна донишҷўи бахши сеюми гурўҳи 303 “А” факултети математика таҳти унвони “Анҷумани наҷотбахши миллат”, ки таҳти роҳбарии муаллим Юсупов Ғайратҷон таҳия гардидааст, беҳтарин дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ