​Роғун - арсаи нангу номуси миллӣ

Дар факултети иқтисодӣ дар мавзуи “Роғун”- арсаи нангу номуси миллӣ” хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит Олимӣ Абдурауф ва раиси Созмони ҷавонони факултет Бобоҷонзода Шоҳмурод доир ба мавзуи мазкур маърӯзаҳо ироа намуда, аз аҳамият ва иқтидори ин иншооти аср таъкид доштанд.

Гуфта шуд, ки иқтидори лоиҳавии “Роғун” ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат аст ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Таъкид гардид, ки 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ифтитоҳ бахшиданд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо хати заррин сабт мегардад.

Ҳамзамон, як қатор донишҷӯён перомуни мавзуи мазкур ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ