​Равнақи адабиётшиносии ӯзбек дар Хуҷанд

Дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи илмии донишгоҳ ба муносибати 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 40-солагии фаъолияти илмиву педагогииномзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он Мавлонбердӣ Суюнов бо иштироки устодонун донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давла­тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар ин боргоҳи илму маърифат устодони соҳибкас ва сарсупурдаи пешаи омӯзгорӣфаъолият мебаранд. Қайд гардид, ки хидматҳои 40-солаи Мавлонбердӣ Суюнов дар рушду илму маориф, тарбияи мутахассисони лаёқатманди илмиву педагогӣ назаррас мебошад.

Сипас, Баҳром Ҷабборов - декани факултети филологияи ӯзбек, дотсент дар мавзуи “Устоди самимиву меҳнатдӯст”, дотсент Дилбар Самадова дар мавзуи “Ҳамкори устод Мавлонбердӣ Суюнов бо китобхонаи донишгоҳ”, дотсент Абдусамад Эрмуҳаммедов дар мавзуи “Саҳми устод дар равнақи адабиётшиносии ӯзбек дар Хуҷанд” маърӯза ироа намуданд.

Дар интиҳо табрикоти хешону пайвандон, ки ба унвони чорабинӣ ворид гардида буд, қироат гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ