​Раванди таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ

Таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани омӯзгорони тахассусманд ба шумор меравад. Донишҷӯёни курси 3-юм ихтисоси таърих, курси 4-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, таърих – диншиносӣшуъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқ таҷрибаомӯзиашонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳафтаи аввал таҷрибаомӯзон ба дарси устодони соҳибтаҷрибаи муассиса даромада, дар раванди баргузории машғулиятҳо, аз нозукиҳои касбӣ омӯзгорӣ бархурдор гардиданд.

Дар ҳафтаи дуюм таҷрибаомӯзон таҳти роҳбарии устодон дарсҳои худро ташкил намуда, аз усулҳои муосири таълим, усули салоҳиятнокӣ истифодаи аёниятҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ фаровон истифода бурданд. Гуфта шуд, ки усулҳои муосир ҷиҳати ҷалби хонандагон ба дарс ва бедор намудани шавқу завқи онҳо мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ ба таҳкими донишҳои азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардида, бо мақсади аз ҷониби донишҷӯён аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ