​Пойдории ваҳдат – устувории истиқлолият

Дар факултети филологияи рус таҳти ин унвон бахшида 25-солагии Ваҳдати миллӣ конференсия гузаронида шуд.

Конференсияро муовини декан оид ба корхои таълими факултет ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Дар доираи ин ташаббус маърӯзаҳо ироа гардида, омилҳои пойдории ваҳдат, роҳи тоҷикон дар самти ба даст овардани сулҳ ва расидан ба истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки имрӯз сулҳи тоҷиконро ҳамчун сабақи таърихӣ барои расидан ба сулҳ ва пойдории он дар баҳамоии қавму мазҳаб, муноқишаҳои қисме аз рӯи олам истифода мебаранд. Сулҳи тоҷикон барои ҳар сокини солимфикри кишвар азизу гиромӣ буда, пойдору устувор нигоҳ доштани он вазифаи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст.

Таъкид гардид, ки осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бамароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳикамбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ,тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ самараи ваҳдати миллист.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён конференсия ҳусни анҷом пазируфт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ