Пешвои миллат – наҷотбахши миллат

Мувофиқи нақша-чорабинии кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа моҳе як маротиба маҳфили “Файласуфи ҷавон” баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва бедор намудани шавқу ҳаваси онҳо ба илми фалсафа маҳсуб меёбад.

Ин навбат маҳфили “Файласуфи ҷавон” ба мавзӯи “Пешвои миллат – наҷотбахши миллат” бахшида шуд.

Дар кори маҳфил устодони кафедра ва донишҷӯён аз факултетҳои гуногуни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Бо баррасии маърӯзаҳо ва табодули афкор миёни иштирокчиён маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ