​Парчамат парафшон бод, кишварам!

Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар факултети физикаю техника таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, кишварам” чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур тамоми донишҷӯёни бахши якуми факултети мазкур ҷалб карда шуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯён бо забонҳои хориҷӣ оид ба Ватан, Парчам, Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ газетаҳои деворӣ ва муаррифиҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, беҳтаринҳо муайян ва қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ