​Паёми Пешвои миллат - сармашқи фаъолияти ҷавонони Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушди мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонононро ҳамчун нерӯи созанда ва пешбари ҷомеа эътироф намуда, ҳамеша дар маркази диққати умум қарор медиҳад.

Сарвари давлат ҳамеша дар Паёмҳои хеш ба ҷавонон такя менамоянд. Дар Паёми охирон низ Президенти кишвар зикр намуданд, ки бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунанд, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки рушди босуръати илму технология раванди ҷаҳонишавиро бештару зудтар кард.Маъмул аст, ки ин раванд бештар тарафҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Ҷиҳати мусбӣ дар он аст, ки илму технология ва маҳсулоти гуногуни мавриди ниёз тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ба ҳама гӯшаи дунё кашонида мешавад. Вале ҷиҳати манфии ин раванд дар он аст, ки ба нобудии фарҳанг, забонҳои мухталиф, урфу одатҳои миллии халқҳои гуногун оварда мерасонад. Ба ҷои ҳамаи ин рушди босуръати синамои ғарб, ки дар он фаҳшу зӯроварӣ, фанатизм ва манякизм – бемориҳои рӯҳии ҷамъиятие, ки ҷони инсон дар он қадр надорад, паҳн гашта, зарбаи сахте ба пойдевори анъанаву расму таомули мардумони мамолики мухталиф мезанад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки худшинос, ватандӯсту бомаърифат бошанд, то дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, барои мардуми хеш хизмат намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд бардоранд.

Аммо, як зумра ҷавонони ноогоҳ аз тамаддуни ниёгону фарҳанги миллӣ дур монда, ба доми фиреби таблиғчиён афтода, шомили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ҷавононеро низ дучор меоем, ки шуури сиёсии паст доранд, ба дурӯғу буҳтони нафароне бовар мекунанд, ки берун аз кишварамон қарор доранд ва пайрави гуфтору кирдори онҳо шуда, хиёнат ба Ватану миллати хеш мекунанд. Ин қабил ҷавонон онҳое ҳастанд, ки ҷаҳонбинии танг, сатҳи маърифатнокии паст дошта, аз таъриху фарҳанг, мазҳаб ва дину оини аҷдодии хеш дуранд. Табиист, ки дар замони муосир, ки сиёсати пурпечутоб дорад, моҷароҳои бавуқӯъпайваста, решаҳои фитнаангезона доранд ва мақсади гурӯҳҳои ғаразнок ҳам ҳар чӣ зиёдтар дар байни сокинони сайёра душманиву ҳамдигар бадбинӣ, нифоқу ҷангу ҷидол паҳн кардан мебошад. Аз ин рӯ, таъкид бояд кард, ки насли ҷавони имрӯзаро зарур аст, то дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода ва ҳушёру зираку доно шаванд. Ҷавононро зарур аст, ки зиндагии хешро бо илму адаб устувор сохта, ба ақлу хирад такя кунанд, роҳи садоқат ба Ватанро бо андухтани илму дониши мукаммал обод созанд. Масъулияти волидайн ва омӯзгорон дар таълим ва тарбияи ҷавнон хеле гарон буда, заҳмати калонро металабад.

Ҳар як ҷавони бояд аз меъёрҳои маънавӣ, арзишҳои миллӣ, одобу ахлоқи муошират хуб хабардор бошад ва онҳоро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассум намояд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ, забономӯзӣ аҳамият диҳанд ва аз осори таърихӣ, фарҳангӣ ва илми аҷдодӣ барои такмили ҳаматарафаи худ истифода баранд ва ҳеҷ гоҳ ба Ватани хеш хиёнат накунанд.

Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвари мо озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор мегарданд.

Танҳо дар соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонон ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Соли 2023 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи эҷоди наср Амакова Малоҳат-магистранти курси 1-и факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи аввал гашт.

Соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин ба зиёда аз 1 миллион оилаҳои ҷавон барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд.

Дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш барои ҷавонон бунёд гардид.

Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардиданд.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҷавобан ба заҳмату талошҳои сарвари давлат, Паёми Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, барои беҳбудии зиндагии халқи худ ва ободии Ватан содиқона хизмат намоянд.

Шаҳло Турсунова - муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои хориҷӣ, МДТ-и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ