Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба сӯи фардои дурахшони кишвар

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дар навбати аввал муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ба таври дақиқу рўшан муқаррар намуд. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, инПаём дар замоне пешниҳод карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир соли 2023 бароиТоҷикистони азизи мо як соли бурбориву муваффақиятҳо буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми солонаи худ қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.”

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар яке аз ҳадафаҳои асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ироаи Паём иброз карда шуд, ки барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуда дар ин давра танҳо барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон”, таъкид намуданд, ки “Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.” Вобаста ба ин Сарвари давлат вазифадорӣ намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад.

Саноат дар ҳама давру замон поя ва заминаи асосии рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, тараққӣ додани он яке аз вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. То соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамаи корхонаҳои саноатӣ давлатӣ буда, шаклҳои дигари он – корхонаҳои муштарак, саҳҳомӣ, хусусӣ вуҷуд надоштанд. Таъкид гардид, ки дар даврони истиқлолият амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон зиёда аз 90 сати истеҳсолот ва намудҳои маҳсулотро, ки бо соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди филизот (металҳо) ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрок тааллуқ доранд, дарбар мегирад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 7,4 млрд. сомонии соли 1992 (дар муқоиса бо индексатсияи нархҳои имрӯза) ба 12,2 млрд. сомонӣ дар соли 2012 баробар шуд. Дар ин давра истихроҷи филизи №1 (тилло) ба 4591 кг, истеҳсоли семент ба 1,4 млн. тонна, ангишт беш аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарини даврони истиқлолият буда, натиҷаи заҳмату кӯшишҳои беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати созандаю бунёдкоронаи мардуми тоҷик барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон мебошад.

Яке аз соҳаҳои муҳими саноат дар Тоҷикистон соҳаи саноати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ буда, азхуд кардани онҳо барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Тибқи тадқиқотҳои геологӣ ҷумҳурии мо дорои захираҳои 4,5-5 млрд. тонна ангишт буда, имрӯз шумораи корхонаҳои истихроҷи ангишт аз 2 ба 16 адад расидааст.

Аз ҷонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш додан ба Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, таҳияи харитаи равандҳои экзогениву геологии кишварро ва пешниҳоди он ба Ҳукумати мамлакат инчунин доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок иқдоми саривақтӣ ва талаботи замон мебошад.

Рушди энергетика яке аз заминаҳои пешрафти иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Агар ба таърихи тараққиёти ин соҳа назар андозем аввалин иншооти гидроэнергетии Тоҷикистон НБО-и Варзоб-1 моҳи декабри соли 1937 ба истифода дода шуда, иқтидори он 7,15 мегаваттро ташкил мекард. Соли 1949 навбати дуюми НБО-и Варзоб бо иқтидори 14,5 мегаватт ва соли 1952 навбати сеюми он соли 1952 бо иқтидори 3,5 мегаватт ба кор даромад. Соли 1956 агрегати аввали НБО-и Қайроққум бо иқтидори лоиҳавии 126 мегаватт оғоз гардида, соли 1957 он бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор гирифт. НБО-и Норак бо сарбанди 300 метра бо иқтидори 2700 мегаватт соли 1979 пурра ба кор даромада, соли 1988 иқтидори он ба 3000 мегаватт расонида шуд. Бузургтарин НБО дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо 6 чархаи 600 мегавата баробар ба 3600 мегаватт, ки ҳоло бунёди он идома дорад, метавонад ҳамасола 13,1 млрд. кв. соат барқ тавлид намояд.

Дар давраи истиқлолият барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлолият ва амнияти энергетикии кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. Дар ин давра, бунёди НБО-и Сангтӯда-1, Сангтӯда -2, Помир-1, даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба кор даромада, 2 агрегати НБО “Роғун” ба кор даромад. Истеҳсоли нерӯи барқ аз 17,1 млрд. киловатт соат дар соли 2013 то 21 киловатт соат дар соли 2020 расонида шуд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳлили соҳаи энергетикии кишвар тахкид доштанд, ки “Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳлили соҳа таъкид доштанд, ки 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуда ва аз рӯи нақшаи дурнамо соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра таъмин мегардад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2023 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад.

Пешвоми миллат соҳаи маориф ва илмро соҳаи калидии пешрафти ҳамаи соҳаҳо номида таъкид доштанд, ки “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.”

Аз ин рў, дар Паём бар он ишорат рафт,ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст ва дар асоси нақшаи дурнамо ин шумора соли 2025 ба 20,7 миллион нафар баробар мешавад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди кормандони соҳаи маориф ва илм, омўзгорону устодон гузошта шуд, ин баланд бардоштани сифати таҳсил дар ҳамаи зинаҳоитаҳсилот ба шумор меравад. Вобаста ба ин масъалаи муҳим, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид намуданд, “...авзоизудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.”

Ҳангоми таҳлил соҳа, нуктаи муҳиме, ки Пешвои миллат дар назди устодону омўзгорон дар баробари дигар вазифаҳо гузоштанд, ин ҷалби наврасону ҷавонон ба омўзиши донишњои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомўзии шогирдону фарзандон, инчунин тарбиянамудани онҳо дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ ба шумор меравад.Вобаста ба ин Пешвои миллат ба таври воқеӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки имрўз новобаста аз мавҷудияти шароитҳоимувофиқ барои таҳсил таваҷҷуҳи навравону ҷавонон ба омўзиши илмҳои дақиқ, технологияи муосир ва амсоли ин ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгў намебошад. Дар баробари ин, дар ин замина дастурҳои мушаххас ҷиҳати таъмини шароитҳои мусоид дар ҷодаи кашфи эҷодкорони ҷавон дар ҳамаи риштаҳо, аз ҷумла фанҳои дақиқ дода шуд ва ҳамин дастурҳои ҳидоятбори роҳбари давлат аз ҳар яки мо омўзгорону устодон тақозо менамояд, ки дар иҷрои ин вазифањои бузург ва масъулияти баланд дар назди таърих ва Ватани азиз камари ҳиммат бубаста, ташаббус ва иқдомҳои назаррасе аз худ нишон дода бошем.

Занону бонувон дар ҳамеша зери назари доимии Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳангоми ироаи Паём дар баробари таҳлили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иқтимоӣ сиёсати давлатии занон низ мавриди таҳлил ва натиҷабардори қарор дода шуд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”

Ҳангоми таҳлили соҳа Пешвои миллат таъкид гардид, ки аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон, аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Тибқи маълумоти оморӣ агар соли 1989 ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумти олӣ бошанддар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда соҳиби маълумоти олӣ гардиданд, ки ин ҳама аз дастгириҳо ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар умум метавон таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайянсозии фаъолияти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо, дурнамои кишвари моро ба даҳсолаҳои дигар мушаххас сохт ва мо боварии комил дорем, ки татбиқи амалии ҳар яке аз ҳадафҳои судманд, ки аз ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар садоқатёрӣ ва ихлосмандии хоса, ватандўстиро тақозо мекунад, кафили ҳамешагии зиндагонии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик, фардои боз ҳам дурахшон ва саодати доимии халқи кишвар ва тамоми тоҷикистониён хоҳад буд.

Абдураҳимова Мавзуна Муҳсиновна – мудири кафедраи географияи табиии факултети гоэкология ва туризм

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ