Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи зиндагонии шоиста

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастоварду пешравиҳои халқамон дар соли 2023 ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ гардид.

Зеро маҳз дар ҳамин сол ҳамчун соли дастоварду муваффақиятҳо, фатҳу кушоиш, ободию бунёдкорӣ, соли амалишавии орзую ниятҳои созанда таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат барои таъмини зиндагии мардум мусоидат намуд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки новобаста ба он ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфт ва низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо коҳиш ёфт, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Таҳлилҳое, ки дар робита ба дастовардҳои ҳафт соли охири кишвар ва соли 2023 дар робита ба дастоварду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва ѓайра баён гардиданд, нишон медиҳанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвари азизамон мебошад, ки зина ба зина амалӣ гардида истодааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсафи масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрўза, аз ҷумла масъалаҳои таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, пешгирӣ намудани вазъи олуда гардидани ҳавои атмосфера, гармшавии ҳарорати сайёра, муборизаи оштинопазир бурдан ба муқобили ҳама гуна хавфу хатарҳои ба ҷомеа таҳдидкунанда буда, дар ин замина ба масъалаи таъмини зиндагии осудаву босаодати наслҳои оянда таваҷҷўҳи ҷиддӣ равона менамояд.

Бо ин мақсад, супориши Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣдар бораи қабул ва амалӣ намудани Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040 дар беҳтар намудани вазъи экологӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ тадбири бисёр муассир ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, беш аз пеш бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, душвор гардидани таъминот бо маводи ғизоӣ, бо оби босифати нӯшокӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ талаб менамояд, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист бо роҳи истифодаи оқилонаи захираҳо тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.

Ба андешаи мо, ин пешниҳоди Пешвои миллат идомаи он тадбирҳоест, ки соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон кардани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуда буд.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Дар баробари ин, супориши Пешвои миллат вобаста ба таъсис додани “Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ” ба рушди сайёҳӣ ва густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа” арзёбӣ гардидааст.

Таъкид гардид, кишароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин замина,омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Соли 2024-ум 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он дар шароити ниҳоят душвори вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи халқи шарафманди кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба истиқрори сулҳу субот, низоми ҳаёти ҷомеа, барқарор гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмўъ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқукии аҳли ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати хориҷии муваффақонаи худниз Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-ро идома дода, ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико идома мебахшад.

Пешвои муаззами миллат мавқеи кишварамонро дар ҳалли масоили кишварҳои Афғонистон, Ховари Миёна, бахусус, Фаластин таъкид намуда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал оварданд, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот,ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд.

Бинобар ҳамин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, имрўз ҳамаи мо вазифадорем, ки “дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Султонзода Тоҷибой–доктори илмҳои филологӣ, устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ