Паёми Пешвои миллат ҳамчун заминаи таъмини рушди иқтисодии босуботи кишвар

Ҳамасола мардуми тоҷик дар тамоми гӯшаву канори дунё Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешавад. Зеро дар ҳар як паёми хеш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ибрози ақида намуда, баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон вазифаҳои стратегиро муайян карда, тамоми мардумро барои фаъолияти пурсамар бо мақсади таъмини пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва дар ин васила баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ равона менамоянд. Аз ин нуқтаи назар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сармашқи фаъолияти ҳар як фарди ватандӯст, ифодакунандаи қутби рушди ояндаи Тоҷикистон баромад менамояд.

Аз мӯҳтавои паёми навбатӣ маълум мегардад, ки Тоҷикистон новобаста ба таасуроти омилҳои манфии дохиливу беруна, оқибатҳои ногувори вазъияти ҳассоси ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бо кӯшишу ғайрати содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли сипарушда, соли пурмаҳсул ва бобарор буд. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд”.

Дар таҳкими сулҳу субот, ва татбиқи саноатикунии босуръати мамлакат, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, имкон фароҳам овард, ки сол аз сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муттасил афзоиш ёбад.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки аз соли 2000 то соли 2023, ҳаҷми аслии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 548,1% ва ё 5,5 маротиба афзоиш ёфтааст (расми 1).

Расми 1. Тағйирёбии ҳаҷми ММД дар солҳои 2000 – 2023 (ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли 2000-ум). Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023.// Агенттии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе – 2023. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023. Сарчашма: http://president.tj

Таъмини рушди иқтисодии босубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки даромади буҷети давлатӣ дар солҳои охир, бахусус дар соли 2023 бо барзиёдӣ иҷро гардад. Иҷроиши қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 102,5 фоиз нисбат ба даромади ба нақша гирифташуда барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакакт ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад.

Самаранокии рушди иқтисодӣ бевосита бо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ муқаррар карда мешавад. Дар соли 2023 ММД ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2000 наздик ба 41 маротиба афзоиш ёфт. Агар дар соли 2000 ММД ба ҳар сари аҳолӣ наздик 300 сомониро ташкил карда бошад, ин нишондод дар соли 2023 тақрибан ба 12380 сомонӣ баробар шуд. Муқоисаи ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъд аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди иқтисодии мамлакат мутасил давом карда, сатҳи зиндагонии мардум баланд шуда истодааст.

Яке аз самтҳои таъмини рушди иқтисодии босубот ин баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҷоиз ба қайд аст, ки даромади пулии аҳолӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2017, 3,3 маротиба афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 112,7 млрд. сомонӣ баробар гардид. Дар ин васила музди меҳнати миёна дар ин давра 2 маротиба ва нафақаҳои ниҳоӣ ба 1,9 маротиба афзоиш ёфтанд. Новобаста ба вазъияти мураккаб ва ҳассоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки болоравии нархҳоро ба молҳои эҳтиёҷоти аввалия дар сатҳи нисбатан мӯътадил нигоҳ дошта, дар соли 2023 сатҳи таваррумро дар сатҳи пешбинишуда, яъне 3,8% нигоҳ дорад.

Таъмини рушди иқтисодии муттасил, хусусан аз соли 2000-ум ба ҷомеъаи кишвар шароит фароҳам овард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз дар соли 1999 то 21,3 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шавад. Дар ин самт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварда шуда, ки “ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд”. Дар ин самт албатта густариши фаъолияти самаранок дар ҷодаи амалигардонии барномаву нақшаҳои қабулгардида зарур арзёбӣ карда мешаванд. Коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ албатта бо таъмини суръати баланди рушди иқтисодии босубот вобастагии қавӣ дорад. Зеро бе таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳаҳои саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ паст намудани сатҳи камбизоати имконнопазир мебошад. Бинобар ҳамин аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъмини суръати рушди иқтисодӣ на кам аз 8 фоиз дар солҳои минбаъда таъкид карда шуд.

Дар натиҷаи иҷроиши босамари барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани имкониятҳо, самти иҷтимоиёти буҷети давлатӣ густариш дода шуда, хароҷоти он барои соҳаҳои иҷтимоиёт, алалхусус, илм, маориф,тандурустӣ аз 9,6 млрд. сомонӣ дар соли 2017 то 18,5 млрд. сомонӣ дар соли 2023 афзоиш дода шуд. Дар ин самт дар паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад”. Чунин иқдом дар самти таъмини рушди иқтисодии босубот дар мамлакат саривақтӣ буда, имкон фароҳам меоварад, ки дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ сифати сармояи инсонӣ боз ҳам баландтар карда шуда, баҳри ояндаи неки кишвар ҳамчун омили мусбати назаррас арзёбӣ карда мешавад.

Инчунин дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи босуръати соҳибкорӣ ва соҳаҳои саноат ибрози ақида карда шуд. Татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки махсусан дар 7 соли охил шумораи соҳибкорон аз 62 ҳазор то 350 ҳазор афзоиш ёбад. Чунин вазъият дар тақвияти соҳибкорӣ дар кишвар маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таъмин карда шуд, ки дар натиҷа тарафи соҳибкорони ватандӯст 21 ҳазор ҷои корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Дар ин васила дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Пӯшида нест, ки таъмини рушди иқтисодии босубот бе таъминоти молиявӣ имконнопазир мегардад. Барои таъминоти молиявии рушди иқтисодии мамлакат ва густариши он соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил дод. Бо баробари ин дар соли 2023 пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар самти таъминоти рушди иқтисодии босуботи кишвар ҷалби сармояи хориҷӣ нақши муассир дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар 7 соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки “Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст”.

Инчунин барои таъмини амалигардонии «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки “ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад”.

Дар соли 2023 баҳри ташкили истеҳсолоти саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳо беш аз 7 млрд. сомонӣ равона карда шудаст, ки нисбат ба соли 2022, 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Баҳри инкишофи соҳаҳои саноат ва амалигардонии стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро” зарур шумориданд. Чунин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он бармеояд, ки дар ҳақиқат соҳаи саноат бо дарназардошти навгониҳои техникику технологӣ муҳаррики асосии таъмини рушди иқтисодии босуботи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин соҳа ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи иловагии ташаккулёбии даромади буҷети давлатӣ ба миён омада, дар ин замина сатҳи некуаҳволии мардум баланд мегардад. Шаҳодати ин гуфтаҳо чунин нишондодҳо баромад мекунанд: рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Ҷиҳати татбиқи “Солҳои 2022-2026 - солҳои рушди саноат) дар ду соли охир дар мамлакат зиёда аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Аммо чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд “дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд”. Бинобар ҳамин барои самаранок татбиқ намудани раванди саноатикунонии босуръати кишвар зарур аст, ки тамоми иқтидорҳои мавҷудаи соҳа, инчунин ба истифода додани иқтидорҳои нав бо дарназардошти воридоти техника ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ чораҳои муассир андешида шаванд. Дар ин ҷода таҷдиди техники ва технологии соҳаҳои саноат, диверсификатсияи маҳсулоти истеҳсолӣ омилҳои муҳими тараққиёти соҳа ва таъмини рушди иқтисодии босубот ба шумор мераванд.

Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди иқтисодии босубот ин густаришёбии истеҳсолоти кишоварзӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода дар соли 2023 як қатор натиҷаҳои назаррас таъмин карда шуданд. Аз он ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Дар натиҷа соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд буда, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ заминаи устуворро таъмин кардааст.

Ҳамаи нишондиҳандаҳои пешрафти соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ ва тамоюли афзоишёбии ҳаҷми ММД имкон медиҳад, қайд намоем, ки бо дарназардошти таъмини рушди иқтисодии босубот дар сатҳи 8% солона, мо метавонем тақрибан баъд аз 9 сол ҳаҷми ММД-ро ду маротиба зиёд гардонем, ки дар натиҷа сатҳи зиндагонии мардум боз ҳам баланд гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё мубаддал мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида расидан, хоҳиш, омодагӣ ва қобилияти ҳама қишрҳои аҳолии мамлакат зарур арзёбӣ карда мешавад.

Алиҷонов Ҷ.А. – д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ

Нуриддинова М.И. – н.и.и., дотсент, декани факултети иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ