​Паёми нусратофари Пешвои миллат!

Ҳамасола дар ҳаёти ҷомеаи заҳматқарини кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаҳои нави созанда амалӣ мешаванду зиндагии мардум фараҳбахшу хубтар мегардад. Ҳатто, баъзе падидаҳои даврони истиқлол дар ҷомеаи тамаддунофари мо ҳукми анъанаро пайдо кардааст ва мардум онро бесаброна интизор мешаванду чун фоли нек мешуморанд. Дар қатори падидаву анъанаҳои нави даврони соҳибистиқлолӣ, санаи ироаи ПаёмиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони мардумӣ ва халқи азизамон ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро, ҳамасола дар Паёми худ Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Ҳукумати кишварро таҳлил намуда дастоварду норасогиҳоро ошкору рӯирост қайд менамоянд. Донистани дастовардҳои Ватани азизамон ба мардум руҳу илҳом ва нерӯи созанда бахшида барои саъю кӯшиши оянда ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, Паёми сарвари давлатамон барои ҷомеаи солимандеши Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими нусратовар аст, ки пурра аз дастуру ҳидоятҳои созандагиву бунёдкорона баҳри пешбурди ҷомеа дарак медиҳад.

Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми шарифи кишвар рӯйдоди муҳимест, ки нуру зиёи он тамоми рӯзҳои соли куҳан ва омадаистодаро сафо мебахшад. Бинобар ин, санаи 28 – уми декабри соли равон барои ҷомеаи дурандеши фарҳангсолорамон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.

Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва истеъдоди фавқуллодаи худ тамоми самтҳои фаъолиятиҲукумати мамлакатро дар соли сипаригардида мавриди таҳлили чуқури воқеибинона қарор доданд. Собит сохтанд, ки соли 2023 барои ҷомеаи кишвари азизамон новобаста аз таззоду мушкилотҳои мавҷудаи сайёраи Замин соли пурбарору пурбаракот буд, ки зиндагии мардум беҳтару хубтар онро инъикос менамояд. Қайд гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин васила давлат ваҲукуматикишвартадбирҳои мушаххасроҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар роҳандозӣ намуд ва муваффақ ҳам гардид. “Бо ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”.

Бо самимияти хоса Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки қиёсан ба ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна баробар ба 7,5 фоиз таъмин гардида дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд шудааст. Ҳол он, ки аз мушкилоти марбут ба хурӯҷу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 то таҳримҳои иқтисодиву муноқишаҳои байни давлатҳои ҷаҳон ва омилҳои дигар ба суръати рушди иқтисоди миллӣ таъсири беандоза расониданд.

Ҷараёни ироаи Паёми сарвари давлатамон, ки тавассути шабакаи телевизион тамошо доштем, дар қалби ҳар фарди солимфикру солимандеши кишвар ҳиссиёти аҷиби гувороро бедор мекард, ки гӯё Падари миллат ба фарзандону бародарон сӯҳбати хоса барпо намудаву дастоварду мушкилотҳои мавҷудаи оиларо таҳлилу муҳокима менамоянд. Симою салобати қаҳрамонона, овози пурзавқу самимонаи Пешвои миллат таҷассумгари матонату субот, иродаи қавӣ, шаҳодати хиради азалӣ, дурбиниву дурандеширо ҳувайдо месохт, ки руҳияи болида ва эътимоди устувор ба ояндаи дурахшонро дар қалби ҳамватанамон бедор мекарду қавитарменамуд. Давоми беш аз се соати ироаи Паёми навбатӣ Пешвои нотакрору бемисли миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик бо қатъият, вале ғамхорона мардумро ба ояндаинек ҳидоят менамуданд. Кафкӯбиҳои бардавоми ҷараёни ироаи Паём ва ҷамъбастии тамоми ҳозирини Коҳи пурҳашамати “Сомон” ва ҳам тамошобинони дастаҷамъонаи ақлу ҷомеа гувоҳӣ медод, ки ҳар нуктаву ҳарфи ироашудаи Паёми солона дар қалби ҳамаи тоҷикистониён ҷойгир гаштаасту ононро барои заҳмати созандаву бунёдкорона ҳидоят намудааст.

Шаҳодати сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, якдилии ҷомеа бо Ҳукумати кишвар дарон таҷассум меёбад, ки аз ҷониби соҳибкорони вандӯст баҳри амалисозии ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои охир барои беш аз 43 ҳазор хонанда 117 адад иншоотҳои соҳаи маориф ва сохтмону аз навсозии 139 иншооти соҳаи тандурустӣ анҷом дода шудааст. Ҳамаи ин амалҳои некхоҳиву некӯандеши шаҳодати обрӯву нуфуз, эътибори хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои маҳбуби халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар оянда танҳо тақвияти тоза пайдо мекунад. Зеро, аллакай дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси кишвар дар маҷмӯъ 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,3 ҳазор километр роҳ, 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шудаанду чунин созандагиву бунёдкорӣ рушду идома ёфта истодааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки то даврони истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди кишвар ҳамагӣ 358 корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буданду асоси иқтисоди миллиро истеҳсолоти кишоварзӣ бо истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ барои кишварҳои хориҷӣ ташкил медод. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки “Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад”. Итминони комил дорем, ки дар доираи эълон гардидани “Солҳои 2022 – 2026- солҳои рушди саноат” баҳри расидан ба ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таҳкиму тақвияти навро соҳиб мегардаду дар ояндаи наздик Тоҷикистони азизамон ба кишвари иқтисодаш тамоюли саноативу аграридошта мубаддал мегардад.

Таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини амнияти озуқавории кишвар аз эътибори ҳамаҷонибаба некӯаҳволии аҳолии кишвар дарак медиҳад, ки чун ҳадафи стратегӣ эътироф гардидаву тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Комёбиву дастовардҳо дар ин самти стратегии кишвар хеле назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ беш аз 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Алҳол бошад, воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида аз 10,7 ҳазор тоннаи соли 2014 – ум дар соли 2023 – юм то 144 тонна коҳиш ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки “дар соли 2023 – юм таъминот бо маҳсулоти асосии азуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 – ум беш аз 2,5 баробар зиёд мебошад.”. Ҳол он, ки тӯли даврони Истиқлоли давлатӣ нуфузи аҳолии кишвар беш аз 2 маротиба афзуда ҳоло беш аз 10 миллион нафарро ташкил медиҳад, яъне талабот ба ғизо беш аз 2 маротиба зиёд гаштаасту таъминоти аҳолӣ бо ғизои зарурӣ беш аз 5 маротиба беҳтар гардидааст. Масалан, истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), маҳсулоти полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 фоизӣ), яъне барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин карда шудааст. Имрӯз, Тоҷикистон аз кишвари воридотии гӯшти парҳезӣ (мурғ) ба мамлакати содироткунандаи гӯшти мурғу тухм мубаддалгаштааст. Ҳамаи ин дастовардҳои муҳим натиҷаи тадбирҳои амалӣ гардонидани Ҳукумати кишвар ва заҳмати софдилонаи кишоварзон мебошад.

Масъалаи дигари ҷолиби дастгирии ҳамаҷониба қарор ёфтани Паёми навбатӣ ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он бо роҳи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, ки ба хотири наҷоти табиати биҳиштосои кишвар ва ҳам инсоният садо дод. Тамоми масъулини сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешанд. Зеро, дар шароити тағйирёбии иқлими сайёраи Замин ҳамаи мо вазифадорем, ки табиати биҳиштосои худро поку беолоиш ба наслҳои ояндаи кишвар мерос гузорем.

Умуман, мебояд бо ифтихоруэҳтироми хоса зикр кард, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмҳои қаблӣ бо сатҳи баланди таҳлилӣ, масъалагузории ҷадид,самимият, воқеибинӣ, вазифагузориҳои мушаххас куллан фарқ мекард ва инъикосгарихиради азалӣ, қавииродаю матонат, ҷасорат, дурандешиву дурбинӣ, таҳаммулгароиву зиракӣ ва хислатҳои дигари бемисли Пешвои миллатамон буд.

Мо, намояндагони аҳли зиёи кишвар, алалхусус табиатшиносон дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгардида вазифадору масъул ҳастем, ки камари ҳиммат, саъю кӯшиши худро ҷиҳати таҳкиму тақвияти рушди босуботи кишвар даҳчанд намоем. Исбот созем, ки фарзанди содиқи Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошему пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. - дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ