Паём - роҳнамои миллат

Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 28 декабри соли 2023, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳоиустувор пеш мераванд.

Ҳангоми суханронӣ Сарваридавлат таъкид намуданд, ки соли 2023 бо воқеаҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурдиманфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афродиватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Дар давраи имрӯза пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳоиилму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паём низ қайд карданд, ки: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ бароирушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ”.

Мо ҳамеша пайрави Пешвои миллатем, чунончи таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ ва ваъда медиҳем, ки тамоми қобилияти ақливу зеҳнии худро баҳри боз ҳам тақвият додани соҳаи илму маориф сафарбар менамоем. Шукр ва ифтихор аз он мекунем, ки чунин Сардориғамхору дурбинро дорем.


Алиева М.М.- муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ