Паём равшангар ва фурӯзонкунандаи роҳи имрӯзу фардои миллат

28 декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда шуд. Чун анъана ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда мешавад ва мустақиман тариқи ойинаи нилгун ба кулли мақомоту сохторҳои давлатӣ ва мардуми шарифи кишварамон пешкаш карда мешавад. Паёми имсола бештар ба соҳаи маориф ва омода кардани кадрҳои баландихтисос, ки ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, бахшида шуда буд. Муҳтарам Президент кишвар қайд карданд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Аз гуфтаҳои сарвари давлат бармеяд, ки дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар самти соҳаи маориф, таъмини рушди иқтисодиёт ва саноат чунин масъалаҳоро дарбар мегирад:

  • омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад;
  • ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд;
  • Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шаванд;
  • Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд;
  • бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои ободу зеботар гаштани Ватани азизамон кушиши зиёде карда истодаанд . Дар Паёми навбатиашон соли 2024-ро ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд. Боиси қайд аст, ки дар соли 2023 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 343 медал ба Ватан оварданд. Инчунин қайд намуданд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо ва иштирок дар бунёди иншоотҳои азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихор аст.

Мо кулли устодонои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров суханони дар паём зикргардидаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, доимо мекӯшем ва талош меварзем то дар пешрафту ободии ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Икромова М.Т. - устоди кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ