​Паём – раҳнамои аҳли маориф

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Сарвари давлат зимни ҷамъбасти дастовардҳои Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ, таъкид карданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардида, 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда, аз ҷумла, 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Чӣ тавре, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардид, дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.тҲоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф дахл намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Ба андешаи сарвари кишвар, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои танзими муттасилони раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Сарвари кишвар ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Сарвари кишвар барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Аз мазмуни суханони саршори меҳри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин хулосаи муҳим ҳосил мешавад, ки сарвари кишвар ба насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат эъттимоди комил доранд: «Дар ҷомеаи мо, - қайд мекунад сарвари кишвар дар Паёми худ, - насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем». Ҳамзамон, сарвари кишвар таъкид карданд, ки ҳазорсолаи сеюм, яъне замоне, ки мо зиндагӣ дорем, асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳост, асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Умуман, тавре аз мазмуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдост, сарвари кишвар як қисми умдаи суханронии худро ба шарҳу таҳлили вазъи маориф дар Тоҷикистон дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳаи мазкур бахшидаанд. Сарвари кишвар барҳақ таъкид намудаанд, ки рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон бо рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқ, касбҳои зарурӣ ва забонҳои хориҷӣ сахт тавъам ва вобаста мебошад. Вазифаҳо ва дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади рушди соҳаи маориф дар панҷ соли минбаъда (солҳои 2022-2026) дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои дигари дахлдор гузоштанд, пешниҳодҳои сарвари кишвар дорои аҳамияти стратегӣ буда, воридшавии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳонро кафолат медиҳанд, аз ин рӯ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти Тоҷикистон бояд дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад.

Ғоибов К.Ш. – мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ