​Озмуни “Диктанти намунавӣ” миёни донишҷӯён

Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар доираи “Ҳафтаи забони англисӣ” байни донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология озмуни диктанти намунавӣ гузарониданд.

Дар озмуни мазкур 20 нафар донишҷӯёни факултет иштирок намуда, дар мавзӯи “The leader of Nation” диктант навиштанд.

Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва малакаи нигорандагии онҳо унвон мешавад.


Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ