​Озмуни “Барномасоз” истеъдодҳои навро кашф намуд

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар самти илмҳои дақиқ аз тарафи таҷрибаомӯзони ихтисоси информатикаи факултети математика байни хонандагони синфҳои 5 ва 11 – и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровозмуни“Барномасоз” гузаронида шуд.

Озмуни мазкур ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардиданисолҳои 2020-2040 “Бистсолаиомӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун дар асоси 5 масъала ба роҳ монда шуда, дар он 43 нафар хонандагон аз мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни озмун бо компютер таъмин шуда, раванди озмун аз тарафи доварон ва таҷрибаомӯзон назорат гардид.

Ғолибон бо ҷом, ифтихорнома, ва туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида, ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур дар доираи “Соли 2022 - соли рушди таҷрибаомӯзӣ”, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардидааст, ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ