​Ҷомеа бидуни терроризм

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ перомуни ин мавзуъ дар факултети геоэкология ва туризм мулоқот сурат гирифт. Дар мулоқот сардори шӯъбаи пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд, майори милитсия Толибзода Маҳмудҷон иштирок намуд.

Дар доираи ин ташаббус омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ баррасӣ гардида, роҳҳои пешгирӣ аз терроризм муҳокима шуд.

Таъкид гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам мерасад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.

Майори милитсия Толибзода Маҳмудҷон ҷавононро ҳушдор дод, ки ҳаргиз ба даъвати бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд, дар истифодаи расонаю сомонаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткору бодиққат бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар идома миёни донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифта, ҷавонон перомуни мавзӯи мулоқот ибрози назар ва пешниҳод карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ