​Нишони бенишонӣ!

Дар доираи сафарҳои хизматӣ, сайру сайёҳат ва мақсадҳои дигар эҳсос мегардад, ки мардуми кишварҳои дигар аз ҳаёту зиндагии мардуми Тоҷикистон, талошҳои собитқадамонаироҳбарияти олии кишварамон хеле хуб огоҳанд. Ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолиямон қоиланду ҳаваси дидорбинӣ, сайру саёҳат ба сарзамини моро мепарваранд. Зеро, хуб медонанд, ки табиати нотакрор, амну осудагӣ, фаровонӣ дар бозор, анвои дигар онҳоро интизор асту мардуми меҳмоннавоз истиқболи хуш мекунанд.

Мушоҳида мегардад, ки хориҷиён аз ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт аз шабакаҳои иттилоотӣ бохабаранду ному насаб, хизматҳои шоёни сиёсатмадорони моро хуб мешиносанд. Хушбахтона аксарияти ҷаҳониён ҳатто гумон надоранд, ки нохалафе нисбати давлати мо, ҳарфи носазое гӯянд. Аммо, мо тоҷикистониён хуб медонем, ки тӯдаи муғризони наҳзатӣ бо нидои хоҷагони хориҷии маблағгузорашон кинаю адоват, бадхоҳиву бадзиштӣ бар зидди Ватани мо мепарваранд.

Аҷибу гуворо аст, ки мардуми кишварҳои дигар Кабириву чоплусони ифротзадаи худобехабарро намешиносанд. Ҳатто, аз донистани хоиниву ватанфурӯшӣ, мазҳабфурӯшӣ, ҳамоишу даъватҳои беақлонаи наҳзатиён дар хашм меомаданду тавқи лаънат ба ин тоифа меборониданд.

Мусаллам аст, ки солимандешони олам ифротиёни шайтонсифати наҳзатиро ақалан ба забон намеоваранду номаи аъмоли онҳоро шоистаи шиносоӣ қарор намедиҳанд. Зеро, ифротгароӣ худ балои бедаво асту нафари ифротиро намуд одамист, вале ботин чун деги сиёҳ асту сиёҳии худ мехоҳад ба дигарон олуда бошад.

Нафарони наҳзатӣ гирифтори балои бади ифротгароиву террористӣ ҳаёти бебақоро соҳибанд ва аз фардҳои солимақли хайрандеш дар ҳаросанд. Мефаҳманд, ки алҳол дар талвосаи ҷон ҳастанду маргу фавташон дур намепояд. Шояд ин ҳолат онҳоро девонаавзоъ, бахилу ҳасудхур сохтааст, ки аз созандагиву бунёдкорӣ айбе мекобанду намеёбанд. Кофтукоби “чирки зери нохун” ҳолати зишттарини одамист, ки насиби наҳзатиёни палид будаасту ботини онҳо ғайр аз марг дигар тадбири тозанамоӣ мавҷуд нест.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ