ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм

Баъд аз истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фазои сиёсии мамлакат ба фаъолият оғоз намудани аҳзобу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, ки демократияро як ҷузъи муҳими ба хадаф расидан дар сиёсати давлати мехисобиданд, мавҷи нофахмию якдигарбадбинӣ дар ҷомеа боло гирифта, окибат ба оғози ҷанги таҳмилии бародаркуш асос гузошт...

Мусаллам аст, ки ҳеч як амали ғосибонаю мақсаднок аз назари мардуми хушманди мо дур нахоҳад буд. Ҳамин буд, ки бо назардошти назорат ва ҳифзи арзишҳои умумимилли назорати фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар доираи талаботи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон хамачониба такмил ёфта, барои пешгирии гароиши ҷавонону наврасон ба ташкилотҳои иртиҷоӣ тадбирҳои судманд мавриди амал карор дода шуданд. Махсусан ба кишвар баргардонидани донишҷуёне, ки дар муассисахои динии давлатҳои хориҷӣ ғайрирасми таҳсил мекарданд, зери назорати ҷиддӣ гирифта шуда, теъдоди зиёди онҳо ба кишвар баргардонида шуданд. Ба Ватан баргардонидани онҳо бори дигар чеҳраи хазину шахшӯли ташкилотҳои террористию экстремистиро, ки бо истифода аз минбари мукаддаси ислом ҷавонони моро ба суи бегонапарастию ифротгарои талқин мекард, ба таври возеҳ собит сохт.

Ҷахони пуртаззоди имруз моро ҳушдор медиҳад, ки бо назардошти дар саргаҳзи ҷолишҳо карор доштани кишвари маҳбубамон назорату тарбияи насли наврасро, ки ояндаи давлатдории мо аз ақидаи солими сиёсии онҳо вобаста аст, аз имруза дида ҷиддитар гирем. Зеро имрузҳо эҳсос мешавад, ки бо назардошти дастраси доштани аксари сокинони мамлакат ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ эҳтимоли мағзшуии ҷавонону наврасон ва пайвастани онҳо ба гуруҳҳои иртичоӣ вучуд дорад. Ба ҳамин монанд, раванди муҳоҷирати мехнатӣ, ки хоси аксари давлатҳои ҷаҳон аст, моро хушдор медихад, ки ба ин масъалаи ҳассос аз сари масъулият рафтор намоем. Зеро гуруҳҳои дахшатафкану террористӣ дар бисёр маврид ҷавонони моро барои ба доми худ афтонидан аз муҳоҷирони кории мо, ки бештар дар кишвари Русия кору зиндаги мекунанд, саъю кушиш мекунанд

Дар Ҷумхуриамон чунин мешуморем, киба ҳизби нахзати ислом зарурат нест, зеро ин хизб дар давраи фаъолияти худ натавонист ягон кори савобро ба сомон расонад. Баракс, бо танкидхои ноҷоя ва ҳадафманди худ дар ҷомеа ноустуворӣ ба миён оварад. Хунхорагӣ кори ислом нест, кори золимон аст.

Вокеан, рушди давлат ва иқтидори давлатдорӣ аз дараҷаи баланди афкори созандаи насли он вобастагии амиқ дорад. Тарбияи дуруст ва назорати доимии наврасону чавонон, ба шуғли доими фаро гирифтани онҳо, омузиши таърихи гузаштагон ва баланд бардоштани ҳисси ватандустию ҳуввияти миллӣ дар замири насли нав вазифаи ҷонии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.

Малика Томирис – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ