​“Нерӯи сухан” – маҳфили суханварӣ

Дар толори хурди раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” баргузор гардид, ки дар он яке аз журналистони муваффақ ва пуртаҷриба, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Ҷамолиён бо аъзоёни маҳфил вохӯрии судманд анҷом дод.

Роҳбари маҳфил, директори китобхонаи марказии донишгоҳ, дотсент Дилбар Самадова ба кори маҳфил оғоз бахшида, ба аҳли нишаст меҳмони навбатиро шинос намуд. Сипас, Илҳом Ҷамолиён аз ташкили чунин маҳфил ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳфили мазкур метавонад, мактаби бузурги суханварони бомаҳорат гардида, барои ташаккули ҷавонони соҳибистеъдоду бошахсият, эҷодкор, ташаббускору пешво замина гузорад. Инчунин, дар бораи омӯзиши роҳу равиши жанрҳои публисистӣ, муайян намудани қолабҳои маъмулии онҳо ва таҳияи мавод дар расонаҳои хабарӣ, хусусияти жанрҳои алоҳидаи журналистӣ, иртиботи журналистикаву публисистика, сиёсат ва ҳаёти иҷтимоиву касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Аъзоёни маҳфил на танҳо дар бораи журналистика, маълумоти муфассал пайдо намуда, донишашонро афзуданд, балки дар бораи роҳҳои навиштан ва муассир гардонидани матлабро азбар намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳфили“Нерӯи сухан” зиёда аз 40 – нафар донишҷӯи ихтисосҳои мухталифро сарҷамъ намудааст, ки аз ҷониби онҳо ҳар ҳафта хабару навидҳои факултету кафедраҳои донишгоҳ, чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва амсоли инҳо, ки дар донишгоҳ баргузор мегарданд, омода гардида, ба расонаҳои хабарӣ пешниҳод карда мешавад.

Маҳфили “Нерӯи сухан” ҳар ҳафта як маротиба дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ