​Наврӯзи ҷаҳонӣ муаррифгари фарҳанги миллии тоҷик

Ин унвони чорабинии илмӣ – фарҳангӣ буд, ки бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар факултети филологияи тоҷик доир шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ маърӯзаҳо шунида шуд.

Аз ҷумла, таҳти унвони “Нақши ВАО дар ташаккули психологияи тарзи ҳаёти солим”, "Наврӯз – яке аз сарчашмаҳои бузурги таърихи тоҷикон" ва "Ақлгароӣ ва ақлоният ҳамун методҳои маърифатӣ ва падидаҳои иҷтимоӣ" маърӯза ироа шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба чорабинии мазкур донишҷӯёни соли якум ҷалб гардиданд.

Намоиши урфу анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла "Ҳафт син", "Ҳафт шин" чорабиниро мазмуни бештар бахшида, иҷрои сурудҳои "Ҳайлола" ва "Гулбазм" табъи иштирокчиёнро болида намуд.

Декани факултети филологияи тоҷик Замирахон Ӯлмасзода ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Сарвиноз Ҷӯраева дар фарҷоми чорабинӣ суханронӣ намуда, устодону донишҷӯёнро бо Наврӯз табрик намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ