​Натиҷагирии фаъолияти магистрантони соли дуюм

Дар толори хурди раёсати Донишгоҳ аттестатсияи магистрантони курси дуюм бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромиз Абдуллоев ва мудири шуъбаи магистратура дотсент Бинасиба Мироватова баргузор гардид. Дар аттестатсияи магистрантон бо навбат дар бораи натиҷаи фаъолияти таҳқиқотии худ маълумот доданд.

Иттилоъ дода шуд, магистрантони курси дуюм тибқи талабот ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуда, вазифаҳои дар наздаҳон гузоштаро дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ иҷро кардаанд ва ба аттестатсияи хатм омода мебошанд.

Аз ҷониби масъулини раёсат ҷиҳати таҳқими корҳои илмии магистрантон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ