Насли ҷавонро дур аз маҳалгароӣ тарбия намоем!

Тоҷикистони азизи мо баъди вазъияти мушкили сиёсие, ки дар оғозисолҳои 90-уми асри гузаштадар кишвари мо ба вуҷуд омада, мусибатҳои зиёдеро ба сари миллат овард, бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи раҳоӣ аз ин мушкилиҳо дарёфт карда шуд ва миллат аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун омад. Вақте миллат мутаҳҳиду ягона аст, пас давлат тараққӣ мекунад, ободу шукуфон мегардад.

Имруз, миллатҳое гуногуне, ки дар гушаву канори кишвари мо зиндагӣ доранд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омадаву баҳритинчиву амонӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз заҳмат мекашанд. Аммо, дар ҷомеа ашхосоне ёфт мешаванд, ки ин сарҷамъии миллатро чашми дидан надоранд. Душманони миллати мо дар дохили кишвар ё хориҷи кишвар қарор гирифта, ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба доми худ мекашанд, бо ҳар роҳ мехоханд ҷавононро ба гирдиҳамоиву дигар падидаҳои номатлуб даъват намоянд. Мо вақте аз ин гирудорҳои беохири душманони миллат муваффақ мешавем, агар муттаҳиду ягона бошем. Аз ин рӯ мо бояд ба маҳалгароӣ, ки падидаи манфӣ мебошад худдорӣ намоем барои якпорчагии кишварамон барои сарҷамъии миллатамон ҳама якҷоя кӯшиш намоем. Мо зиёиёнро лозим аст, ки ба насли ҷавон ба насли наврас оид ба оқибатҳои бади маҳалгароӣ суҳбатҳои муфид ороста, насли ҷавону наврасро дар руҳияи ватандустиӣ тарбият намоем. Мо бояд ҳамеша барои ҳифзи сулҳу осоиштагии кишвар, барои ваҳдати миллӣ дар талош бошем ва нагузорем, ки душманони миллат муваффақ бошанд.

Устодони кафедраи

Анализи математикӣ

ба номи профессор А. Мӯҳсинов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ