​Мулоқот: Ташаккули тарзи ҳаети солим

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаети солими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рӯзиева Ширин ва Маҷидова Мавзуна, духтури амрози занонаи маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Алиева Маҳлиё, муҳаррири маркази ташаккули тарзи ҳаети солим дар шаҳри Хуҷанд Ҷураев Абдуҳамид баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур ба мавзуи "Ташаккули тарзи ҳаёти солим - омили асосии рушд ва пешрафти ҷомеа" бахшида шуд.

Ин иқдом ҷиҳати татбиқ ва шарҳи "Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаети солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ