Мулоқот: Моҳияти сиёсиву ҳуқуқии Паёми Пешвои миллат

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ вапедагогикаи махсус ҷиҳати шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир гардид.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Мухторзода Киромиддин оид ба мавзуи «Моҳияти сиёсиву ҳуқуқии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ» маърӯза намуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти босуботи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати хеш қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, соҳаи маориф афзалияти бештарро касб намуда, ҳамчун омили калидии бунёди миллати тамаддунсоз маҳсуб мегардад.

“Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷадорад. Рушди сармояи инсонӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад” – зикр шуд дар доираи мулоқот.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ҷиҳати шарҳи Паём дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мулоқоту чорабиниҳо идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ