​Мулоқот: “Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа”

Дар факултети филологияи ўзбек оид ба мавзуи “Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа” мулоқот ташкил шуд. Дар доираи ин иқдом намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизабо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Нуриддинзода Комрон иштирок намуд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Намояндаи Агентӣ, капитани адлия Нуриддинзода Комрон доир ба пайомадҳои коррупсия таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зидди коррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005, №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” фазои зидди коррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ