​Мулоқот бо хатмкунандагон: Тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории донишгоҳ ҷараён дорад.

Ин иқдом мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2024” дар асоси “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ба роҳ монда шуд.

Зимни баргузории тақсимоти пешакӣ кормандони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва мутахассисони ҷавони донишгоҳ дар ҳар як факултет бо хатмкунандагон суҳбат гузаронида, ба онҳо талаботи тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассиснои ҷавонро фаҳмонида истодаанд.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” шинос шуда, доир ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ огоҳ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ