​Мулоқот бо довталабон

Як гуруҳ омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ҷиҳати муаррифии имкониятҳои донишгоҳ барои довталабон бо як қатор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқот намуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом бо муҳассилини мактабҳои №14, №27, №50-и ҷамоати Унҷӣ ва №7, №55 воқеъ дар ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ сурат гирифт.

Омӯзгорони донишгоҳ ба хонандагон доир ба равандҳои фаъолияти донишгоҳ ва ихтисосҳои мавҷуда маълумот доданд.

Ҳамзамон, ба довталабон шумораи махсуси нашрияи “Нури маърифат” ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият ва дастоварди донишгоҳ тақдим шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ