​Муаррифии фанҳои интихобӣ

Дар кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии факултети математика муаррифии фанҳои интихобӣ сурат гирифт, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои таълим дотсент Набизода Мирзотоҳир, сардори раёсати таълим дотсент Маҳмудов Исмоилҷон ва садорати факултет иштирок намуданд.

Набизода Мирзотоҳир, муовини ректор оид ба корҳои таълим доир ба зарурияти муаррифии фанҳои интихобӣ таъкид намуда, ин ташаббусро дар самти тадриси фанњои љавобгў ба талаботи замони муосир муфид унвон намуд.

Таъкид гардид, ки муаррифии фанҳои интихобӣ барои муњассилин имкон медиҳад, ки фанњои наву муосир ва мувофиқ ба талаботро мавриди омўзиш ќарор дињанд.

Дар идома сардори раёсати таълим дотсент Мањмудов Исмоилҷон доир ба Низомномаи низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон сухан намуда, бандҳои мушаххаси онро шарҳ ва иҷрои онҳоро дар баланд бардоштани сатњу сифати касбии муњассилин судманд номид.

Интизор меравад, ки муаррифии фанҳои интихобӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ то 27 апрел давом хоҳанд кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ