Модар фариштаи манӣ

Таҳти унвони “Модар фариштаи манӣ” дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус соати тарбиявӣ доир гардид.

Мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Вализода Шоира соати тарбиявиро ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши модар дар тарбияи фарзанд ва саҳми занону бонувон дар таъмини рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуд.

Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру суруд қироат намуда, саҳнаҳои пурмазмун ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ